«Тоҷи Сомон» ситораҳои киноро ба Душанбе меорад

№125 (4708) 16.10.2023

11-compressorАз 15 то 19- уми октябри соли равон дар пойтахти мамлакат Кинофестивали якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» – 2023» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад. Чорабинии мазкурро, ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» роҳандозӣ мегардад, аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангии сол метавон арзёбӣ намуд. Дар робита ба ин хабарнигорамон бо директори МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён суҳбате доир намуд, ки манзури хонандагон мегардад.

- Муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён, ҳадаф аз баргузории кинофес­тивали мазкур чист?

- Чорабинӣ дар доираи амалӣ намудани «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2023- 2027» роҳандозӣ мегардад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, рушди синамои тоҷик, тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳа дар арсаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, дастгирии ҳунармандони ҷавон, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ҳамкории ходимони кинои тоҷик бо ҳампешагони бурунмарзӣ мебошад.

Басо рамзист, ки Кинофестивали якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон — 2023» дар арафаи Рӯзи кинои тоҷик оғоз меёбад ва он ба 120 — солагии таҳиягари бузурги кинои тоҷик, Артисти халқии ИҶШС Комил Ёрматов бахшида шудааст. Албатта, баргузории чунин як ҷашнвора кори заҳматталаб буда, харҷи зиёде мехоҳад. Мехостам арзи сипосу миннатдории самимии хеш ва кормандони синамои тоҷикро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор намоям, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани он моро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Аслан, омодагиҳо ба ҷашнвора як сол қабл оғоз шуда буд, зеро корҳои ташкилӣ, даъвати кино­созон, ситораҳои синамои ҷаҳонӣ ва ризоияти онҳо барои иштирок дар чорабинӣ кори саҳл нест. Он дар доираи идораҳои болоӣ ҷиддӣ сурат мегирад ва талаботи махсуси худро дорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сазовор баргузор намудани чорабинӣ Кумитаи тадорукот иборат аз роҳбарон ва мутахассисони касбӣ таъсис дода шуд. Дар баробари ин, комиссияи интихоби филмҳо барои кинофестивал ташкил намудем, ки банда раиси комиссия мебошам. Аъзои комиссия мовини якуми МД «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода, директори Китобхонаи ба номи Индира Гандӣ Шодимуҳаммад Сӯфизода, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, наворбардори соҳибтаҷриба Заур Рустамович Дахте, нависанда, сенариянавис Абдурофеъ Рабизода, киношинос Тилло Некқадамов, санъатшинос Муҳаммадулло Табаров ва унвонҷӯи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Сайфуллоҳ интихоб шудаанд.

Аъзои комиссия давоми беш аз як моҳ аз байни 200 дархост, яъне филмҳои ҳунарӣ ва кӯтоҳи ба кинофестивал пешниҳодшуда, 77 филмро тамошо ва баҳогузорӣ намуданд. Тибқи хулосаи аъзои комиссия, 16 филми ҳунарӣ ва 8 филми кӯтоҳи ҳунарӣ барои иштирок ва баҳогузорӣ ба кинофестивал пешниҳод мегарданд.

- Филмҳое, ки ба комиссия барои интихоб дар кинофестивал пешниҳод мешаванд, ба кадом талабот бояд ҷавобгӯ бошанд?

- Боиси сарфарозист, ки то имрӯз киносозони шинохта ва машҳури кишварҳои Федератсияи Россия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Канада, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Фаронса, Венгрия, ҷумҳуриҳои Белорус, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекис­тон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Арманистон филмҳои истеҳсолнамудаашонро ба комиссияи кинофестивал фиристоданд ва иштирокашонро дар ин чорабинии фарҳангӣ тасдиқ карданд.

Филмҳои пешниҳодшуда тибқи низомномаи кинофестивал, бояд ҷавобгӯ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Яъне, меъёрҳои умумии ахлоқию маънавӣ, инсондӯстӣ дар онҳо бояд, ки риоя шавад. Миёни филмофарон ибораи маъмуле ҳаст: «Филми махсус барои кинофестивал» (Фестивальный филм). Дар филмҳои пешниҳодшуда набояд ташвиқу тарғиби тамокукашӣ, маводи мухаддир, лаҳзаҳои шаҳвонӣ ва ба ин монанд ҷой дошта бошанд. Филм аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, муҳтаво ва касбият бояд дар сатҳи баланд эҷод ва наворбардорӣ шуда бошад.

- Андешаи доир намудани чунин як чорабинии муҳими фарҳангӣ кай ва чӣ гуна пайдо омад?

- Шукри соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки моро берун аз ҷумҳурӣ хуб мешиносанду эҳтиром менамоянд ва Тоҷикистон ҳамеша ба кинофестивалҳои сатҳи байналмилалӣ даъват шуда, дар ин гуна чорабиниҳо фаъолона иштирок менамояд. Боиси ифтихор аст, ки киносозони тоҷик дар чунин ҷашнвораҳо соҳиби ҷойҳои аввал, махсус, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардидаанд. Дар баробари ин, таҷриба омӯхтем ва боварӣ ҳосил намудем, ки барои гузаронидани кинофестивали сатҳи байналмилалӣ ҳам имконият ва ҳам қудрату маҳоратамон мерасад. Солҳои пеш агар ягон чорабинии сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ намудан мехост, меҳмонхонаҳои замонавӣ надоштем. Ҳоло имкониятҳо дар ин самт фаровонанд. Беҳтарин меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ «Душанбе- Серена», «Шератон», «Хайят- реҷенси», «Гранд- Отел», «Атлас» ва ғайраҳо мавҷуданд, ки ба даҳҳо меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар як вақт хизмат мерасонанд. Яъне, ҳоло барои баргузор намудани чунин чорабиниҳо ҳама имкониятҳо фароҳам аст. Фақат ташаббускор бояд буд.

Як сол пеш Киноҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон — 2022»- ро таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» дар сатҳи баланд доир намуда будем. Баъд аз ин, идеяи гузаронидани кинофестивали байналмилалӣ пайдо шуд.

- Ба ҳайати ҳакамони ҷашнвора кадом филмофарони маъруф ва киношиносон шомил шудаанд?

- Ба ҳайати ҳакамон шахсиятҳои маъруф, аз қабили режиссёрон, ҳунарпешаҳои кино, мунаққидони кино, киношиносон, рассомон ва оҳангсозон аз кишварҳои гуногун интихоб гардидаанд. Онҳо ба ду гурӯҳ: ҳакамони филмҳои ҳунарӣ ва ҳакамони филмҳои кӯтоҳи ҳунарӣ ҷудо шудаанд. Ба гурӯҳи аввал панҷ нафар – кинорежиссёри маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Алӣ Ҳамроев (Ӯзбекистон, Россия, Италия), таҳиягари маъруфи Ҳиндустон, офарандаи филми ҳунарии «Саргузашти Алибобо ва чиҳил роҳзан» (дар ҳамкорӣ бо таҳиягари маъруфи ӯзбек Латиф Файзиев соли 1979) Умеш Меҳра, сармуҳаррири ҶА «Қазоқфилм» Бекбулат Шекеров, таҳиягар, ҳунарпешаи кино ва продюссер Маҳдӣ Фард Қодирӣ (Эрон), киношинос Саноат Азизова (Тоҷикистон) шомиланд.

Директори Киностудияи «Лендок» Алексей Телнов (Санкт- Петербург), сароянда ва ҳунарпешаи кино Вера Макей Полякова (Белорус), номзади илми таърих, санъатшинос Муҳаммадулло Табаров (Тоҷикистон) ва директори Иттифоқи кинематографистони Ӯзбекистон Матяъқуб Матчанов (Ӯзбекистон) ҳакамони филмҳои кӯтоҳи ҳунарӣ мебошанд.

- Ба филмҳои ғолиб ва ҳунармандони пирӯз чӣ ҷоизаҳо тақдим мегардад? Умуман, дар самти таъсиси ҷоиза ва ҷоизасупорӣ оё навгониеро метавон интизор шуд?

- Чун дигар кинофестивалҳои байналмилалӣ мо низ 8 ҷоиза таъсис додем, ки ба ғолибон месупорем. Инҳо: «Шоҳҷоиза» «Барои беҳтарин филми ҳунарӣ», «Беҳтарин таҳиягар», «Беҳтарин наворбардор», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми кӯтоҳи ҳунарӣ», «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» ва «Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин» мебошанд.

Дар баробари ин, ҳамчунин, Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» ба эҷодкорони сазовор тақдим мешавад.

- Ҳаводорони олами синамо оғози ҷашнвораро бесаброна интизоранд. Мехоҳанд бидонанд, ки он кадом ситораҳои кинои ҷаҳониро ба шаҳри Душанбе меорад?

- Тавре зикр намудем, таҳиягари маъруфи ӯзбек Алӣ Ҳамроев, ки алъон муқими Италия мебошад, дар кинофестивал ба ҳайси раиси ҳакамон иштирок менамояд. Таҳиягари маъруфи Ҳиндустон Умеш Меҳра ва ҳунарпешаҳои шинохтаи ин кишвар Шоҳ Наваб ва Пуджа Батра низ дар чорабинӣ иштирок мекунанд.

Ҳунарпешаи Россия Елена Проклова ва Тамара Яндиева низ дар чорабинӣ ҳузур хоҳанд дошт. Тамошогарони тоҷик Тамара Яндиеваро аз филмҳои ҳунарии «Агар дӯст дорӣ»- и А. Қудусов (соли 1982), «Салом, Гулнора Рахимовна!»- и А. Қудусов (соли 1986), «Боз як шаби Шаҳрзода» (соли 1984), «Афсонаҳои нави Шаҳрзода» (соли 1986) ва «Шаби охирини Шаҳрзода»- и Тоҳир Собиров (соли 1987) хуб мешиносанд.

Роҳбари Ансамбли овозадори эстрадии «Ялла» Фаррух Зокиров ҳам даъвати моро барои иштирок дар кинофестивал пазируфтанд. Ректори Университети давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва – ВГИК ба номи С. А. Герасимов, доктори илми санъат­шиносӣ, академик Владимир Сергеевич Малишев бо устодон ва педагогҳои ВГИК, проректорон Ирина Викторовна Зернова, Сергей Вадимович Бороздин, профессори кафедраи маҳорати актёрӣ, Артисти халқии Россия Александр Яковлевич Михайлов, профессори кафедраи маҳорати наворбардорӣ, Артисти халқии Россия Игор Семёнович Клебанов, профессори кафедраи маҳорати актёрӣ, Артисти шоистаи Россия Александр Лвович Федоров, омӯзгори хореографияи кафедраи маҳорати актёрӣ Майрбек Гайдолович Матаев, роҳбари факултети таҳиягарӣ, мудири кафедраи филм­ҳои бадеӣ, профессор, Артисти халқии Россия Владимир Иванович Хотиненко, роҳбари гурӯҳи киношиносӣ, номзади илми санъатшиносӣ, профессор Татяна Виталевна Яковлева дар баробари иштирок дар кинофестивал, инчунин, бо ҳаводорони олами синамо вохӯрию мулоқот намуда, ба донишҷӯён дарс­ҳои «Устоду шогирд» мегузаранд.

Дар доираи чорабиниҳои кинофестивал, ҳамчунин, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 120-солагии ҳамдиёри шуҳратманди мо, Артисти халқии ИҶШС Комил Ёрматов Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси фарҳангии Ёрматов Комил — ҳамчун раҳнамо баҳри якдилӣ ва рушди кинематографияи миллӣ» доир мешавад.

Бо ташаббуси МД «Тоҷикфилм» китоби хотираҳои Комил Ёрматов таҳти унвони «Возвращение», ки маротибаи охир соли 1987 дар шаҳри Тошканд чоп шуда, ҳоло камёфт аст, бо сифати баланд боз­нашр шуд. Он ёддошту хотираҳои неки ин санъаткори бузургро то соли 1940 дар Тоҷикистон бозгӯ намуда, ҳамчунин, аз фаъолияти таҳиягариаш дар Киностудияи «Ӯзбекфилм» маълумот медиҳад. Дар форум китоби нав «Возвращение» муаррифӣ шуда, ба меҳмонон ва иштирокчиёни форум ҳамчун армуғон туҳфа мешавад.

- Ташаккур. Боварӣ дорем, ки Кинофестивали якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон – 2023» дар сатҳи баланд доир мегардад ва он дар ҳамкориҳои муштарак бо ҳампешагони хориҷӣ, рушди кинои тоҷик ва тарбияи мутахассисони оянда мусоидат менамояд.

Мусоҳиб Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»