16-уми октябри соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода бо Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ақаллиятҳои миллӣ Фернанд де Варен мулоқот намуданд.
Дар мулоқот вазъи ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои ақаллиятҳои миллӣ дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон