19 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро ба истифода доданд.
Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавасути таҷҳизоти видеоӣ — онлайнӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифода супориданд. Сардорони дидбонгоҳҳо аз омодагии ҳайати шахсӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Дар маҷмуъ дар ин рӯз дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 96 манзили истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа барои 1450 нафар афсарону сарбозон шароити арзандаву шоистаи хизмату зист муҳайё карда шуд.
Дар дидбоногоҳҳои сарҳадӣ мутобиқ ба талабот барои афсарону сарбозон шароит мавҷуд аст. Ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, толорҳои барҳаво барои хоб, ошхона бо таҷҳизоти зарурӣ, китобхона, буғхона ва дигар имконият барои ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генарали Артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро бо истифода аз шароити мавҷуда барои иҷрои пурраи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ ҳидоят карданд.
Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмони дидбонгоҳҳои замонавӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва бунёду ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои афсарон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида шуд.
Аз моҳи сентябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари давлат бунёди 78 иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардид ва ҳамаи он пурра дар муҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи ҳарбӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд.
Ин баландтарин нишондод дар самти бунёду ба истифода додани иншооти сарҳадӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ дар Тоҷикистон бори аввал дар соли 2023 ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди иншооти сарҳадӣ, муҷаҳҳазгардонӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити замонавии хизмат изҳори минадорӣ намуда, таъкид карданд, ки раванди беҳсозии шароити хизмат дар Қушунҳои сарҳадӣ идома дода мешавад.
Соли 2024, ки аз таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад, иловатан 12 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта ба истифода дода шуда, дар тамоми хатҳои сарҳади давлатӣ мутобиқ ба талаботи зарурӣ шароити замонавӣ барои афсарону сарбозон ҷиҳати муҳофизати Тоҷикистони соҳибистиқлол фароҳам оварда мешавад.
Инчунин барои захираи маводи ғизоӣ ва нигоҳдории амволи шайъӣ мутобиқ ба талабот имконият мавҷуд буда, сарбозону афсарон пайваста зери таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Анборҳо барои нигоҳдории техникаҳои ҳарбӣ пешбинӣ карда шудааст.
Бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва омодагии пайваста риояи талаботи оинномаҳо ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи афсарону сарбозони Қушунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ афсарону сарбозони бонангу номус тавассути гузаронидани машқҳои ҳарбӣ малакаи касбии худро сайқал дода, хизмати Ватан-модарро содиқонаву софдилона адо мекунанд.
Дӯст доштани Ватан, давлат ва миллат ҳадафи асосии ҳар як фарди ватандӯст буда, марзи давлатӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ барои сарбозону афсарон ба ҳисоб меравад ва ҳар ваҷаб марзи муқаддасро бо садоқату матонати баланд ҳимоя мекунанд.
Қушунҳои сарҳадӣ мисли дигар сохторҳои низомии мамлакат дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ барои таъмин кардани инфросохтор ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии сохторҳои марзбонӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон беҳтар кардани заминаи моддӣ-техникии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавиро яке аз вазифаҳои асосии давлат арзёбӣ карда, афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватанро барои ҳимояи марзу буми давлатӣ вазифадор мекунанд.
Ҳамзамон сарбозон метавонанд дар шароити лозима ба машқу тамрин машғул шаванд.
Инчунин ҳайати шахсӣ имкон доранд, нозукиҳои хизмати ҳарбӣ ва нишонзаниро дар майдончаи омӯзишӣ аз худ намуда, малакаи касбӣ ва омодабошии ҷангии худро ҷиҳати муҳофизати сарҳади давлатӣ сайқал диҳанд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи муфид аз имконияти фароҳамшуда, муҳофизати сарҳади давлатӣ, пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии ороми мардум ҳайати шахсиро вазифадор карданд.