19 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” боздид ба амал оварданд.
Дар Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи замин, аз ҷумла нашъунамои шолӣ дар кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, фаъолияти гармхона ва сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Дар хоҷагӣ, ки дорои 160 гектар буда, 80 саҳмдор дорад, дарахтони гуногуни мевадиҳанда парвариш ёфта, сабзавоту зироатҳои гуногун кишт карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини бозорҳои ноҳия ва дигар истеъмолкунандагон бо маводи тару тоза ва босифати кишоварзӣ, инчунин ҷиҳати содироти маҳсулот дар 50 гектар парвариши дарахтони зардолу, 4 гектар анор, 3 гектар бодом, 7 гектар олу, 6 гектар пиёз ва дар 8 гектар каду ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” серсоҳа буда, дар он ҳамчунин дар майдони 48 гектар пахта ва дар масоҳати 32 гектар замин шолӣ кишт карда шудааст.
Бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва заминҳои корам, инчунин таҷрибаи бойи заминдорӣ хоҷагидорон дар майдони 1 гектар помидор ва дар 1 гектар зироатҳои дигарро кишт карда, дар масоҳати умумии 0,2 гектар гармхона бунёд кардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонию боғпарварии “Боғи Нодир” ба тарзи ташкили кор, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баҳои арзанда доданд.
Ҳамчунин ба хоҷагидорон ҷиҳати рушду равнақи соҳаи боғдорӣ ва зироаткорӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.