Оғози сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб

№126 (4709) 20.10.2023

53270290580_b8ca5e558d_oНимаи дуюми рӯзи 19 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб меҳмони олиқадр — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони шаҳр бо эҳтироми гарму самимӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хос истиқбол гирифтанд.