Толори хониши Китобхонаи марказии ноҳияи Файзобод, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷойгир аст, ҳамарӯза серодам мебошад. Хусусан, баъди роҳандозӣ шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сафи хонандагони он афзудааст. Тавре кормандони китобхона ба мо иттилоъ доданд, давоми ҳашт моҳ теъдоди хонандагони фаъоли китобхона 600 нафар афзудааст.
- Дар китобхона 18 ҳазору 116 нусха адабиёти гуногунжанр бо забони тоҷикӣ ва русӣ мавҷуд мебошанд. Ҳар сол барои боз ҳам ғанитар намудани фонди китобхона асарҳои тозанашри шоирону нависандагон харидорӣ мешавад. То имрӯз беш аз 600 нусха адабиёти бадеӣ ба китобхона ворид шудааст, — иброз дошт зимни суҳбат мутахассиси пешбари китобхона Лолахон Табарова.
Воқеан, хонандагон дар ин ганҷина на танҳо аз осори гаронарзиши шоирону нависандагони тоҷику форс ва адибони муосир баҳравар мегарданд, балки имкони дастрасӣ ба иттилооти дигар низ доранд, ки барои боло бурдани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва дӯст доштани Ватан мусоидат менамоянд, аз он ҷумла, гӯшаи 32 — солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ин гӯша адабиёт ва маводҳоеро низ метавон вохӯрд, ки ба хонандагон аз роҳи тайнамудаи давлатдории навинамон ва дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ ба хонандагон иттилои фаровон манзур медорад ва хонандаро ба ёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мебарад.
Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаи алоҳида ҷой дода шудаанд. Ин асарҳо, ки доир ба забони тоҷикӣ, истиқлолияти давлатӣ ва роҳи расидан ба он, таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, имкон фароҳам меоранд, ки хонандагон дар шинохти таърихи халқи хеш, омилҳои нигоҳдошти миллат иттилои муфид пайдо намоянд.
Гӯшаҳои Даҳсолаи амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» ва соли 2025 «Соли ҳифзи пиряхҳо» баёнгари ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба хотири зиндагии шоистаи мардумони сайёраи Замин роҳандозӣ шудаанд, мебошанд.
Силсилаи расмҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафар ба кишварҳои гуногун бардошта шудаанд, аз муносибати дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистон бо кишварҳои дигар гувоҳӣ медиҳанд.
Овезаҳои қаҳрамонони Тоҷикистон, ки барои ҳастии ин миллату давлат ҷонбозиҳо кардаанд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки барои халқи тоҷик тақдирсоз арзёбӣ мешавад, муқаддасоти миллӣ, фаъолон ва аҳли адаби ноҳия низ барои хонандагони китобхона аз манфиат холӣ нестанд.
Гӯшаи ҳамноми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тарғибгари озмуни мазкур мебошад, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ миёни аҳолии кишвар доир мегардад.
Рӯзномаю маҷаллаҳое, ки дар китобхона ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ мешаванд, хонандагонро аз навгониҳои дохилу хориҷи мамлакат огоҳ месозад.
Дар китобхона ба хотири гиромидошти шахсиятҳои маъруфи соҳаи илму фарҳанг ва ҷалби бештари хонандагон пайваста чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мегардад. Метавон гуфт, ки ҳоло китобхона аз иҷрои муҳимтарин фаъолияти худ — қонеъ намудани ниёзҳои иттилоотии истифодабарандагони адабиёт баромада метавонад.
Зимнан, кормандони ин даргоҳ бо хонандагон хушмуомила мебошанд ва фаъолияташонро тавре ба роҳ мондаанд, ки ҳар нафаре аввалин маротиба ба китобхона ташриф меорад, дар ниҳодаш майли пайваста ба ин даргоҳ омадан пайдо мегардад.
Ҳокими Сафар