Фаъолияти АП СААД баррасӣ шуд

№127 (4710) 23.10.2023

119-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ иштирок намуд.

Тибқи рӯзнома, иштирокдорони ҷаласа фаъолияти СААД дар давраи байни иҷлосияҳо ва тасдиқи шартномаҳои байналмилалии дар доираи СААД басташуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи фаъолияти АП СААД оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025», инчунин сана ва ҷойи гузаронидани маҷлиси навбатии комиссияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, 18-уми октябри соли 2023 ҷаласаи нав­батии Шӯрои экспертию машваратӣ дар назди Шӯрои АП СААД баргузор гардида, дар он мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Нарзулло Маҳмудов ширкат варзид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷараёни корҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои як қатор тавсияҳои АП СААД баррасӣ гардиданд.

www.majmilli.tj