20 — уми октябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ ва нақши он дар иқтисодиёти миллӣ» баргузор гардид.
Конфронсро бо суханони муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, мавсуф сараввал аз бобати ин раванди муҳиму муосири иқтисодӣ, аҳамияти иқтисоди рақамию технологияҳои иттилоотӣ, бо суръати бениҳоят баланд рушд ёфтани он, таҳти назорату идора қарор додану роҳҳои таъмини бехатарию истифодаи васеъи он, барои давлату миллат ва манфиати умум будани иқтисоди рақамӣ мулоҳизаронӣ намуд.
Сипас, Саодат Ҷӯрахонзода, муовини директори Марказ дар мавзӯи «Раванди рақамикунонии иқтисодиёти ҷумҳурӣ: ҳолат, мушкилот ва рафти дурнамои он» баромад намуда, зикр кард, ки дар асл ҳам даврони муосири имрӯзаро рушди бемайлони иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифтааст. Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуда буданд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд».
Мавриди зикр аст, ки ҳадафи асосии ҳамоиш аз таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имкониятҳо барои рушди иқтисоди рақамӣ ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли масоили дар ин самт ҷойдошта иборат буд.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону донишмандони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Ҳамоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазирӯфт.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»