Сохтмони мактаби нав идома дорад
ҒОНЧӢ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ростровут, ки бар асари борони сел соли 2011 вайрон шуда буд, аз нав бунёд гардид. Мактаби мазкур аз чор бино, ду бинои он аз синфхонаҳо ва боқимонда аз толори варзишӣ, ошхона ва маркази гармӣ иборат мебошад. Айни замон ду бинои аввали ин таълимгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Барои сохтмони он 3 млн.100 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Сохтмони қисмати боқимондаи бинои мактаб давра ба давра ба анҷом расонида хоҳад шуд. Мактаб аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин карда шудааст.
Ҷамъоварии пахта
ФАРХОР.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар хоҷагиҳои ноҳия ҷамъоварии ҳосили пахта муташаккилона идома дорад. Аллакай ба корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия ва берун аз он ба миқдори 1702 тонна пахта супорида шудааст, ки ин нишондод баробари 7,7 фоизи нақшаи дурнамост. Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта саҳми хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Ғайрат», «Деҳқон ариқ», «Фархор» ва «Зафар» калон аст. Хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти мазкур рӯзе ба андозаи аз 1,0 то 1,5 фоиз пахта ҷамъоварӣ намуда истодаанд.
Бозори наздимарзии Тем навсозӣ мешавад
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бо маблағгузории Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон бозори наздимарзии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ пурра навсозӣ мегардад. Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодгардида дари даромаду баромад барои нақлиёти боркаш, толори калони савдо, чойхонаи дуқабата ва дигар иншооти хизматрасонӣ сохта мешаванд. Айни ҳол корҳои заминканӣ, хобондани бетон барои таҳкурсии бино идома дорад. Бояд хотиррасон намуд, ки бозори Тем аввалин бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон аст, ки он соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуда буд. Ташкили чунин бозор дар мавзеъҳои Гунҷибои ноҳияи Мурғоб ва Лангари ноҳияи Ишкошим низ дар назар аст.
Ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад
ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар деҳоти «Сешанбе» бо ташаббуси соҳибкор Зафар Мардонов сехи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он 15 нафар занону духтарони бешуғли деҳаҳои атроф бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Соҳибкор Зафар Мардонов ният дорад, ки дар ояндаи наздик боз якчанд сехҳои дигари дӯзандагӣ ташкил намуда, сафи коргаронро аз ҳисоби занону духтарони деҳоти «Сешанбе» афзоиш диҳад ва тибқи шартнома дӯхтани сару либоси ягонаи мактабиро ба роҳ монад.
Ҷамъоварии ҳосил вусъат меёбад
ҚУБОДИЁН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили имсолаи пахта ноҳияи Қубодиён дар вилояти Хатлон пешсаф аст. Тавре муовини якуми раиси ноҳия Исҳоқ Гулҳусейнов ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, то имрӯз деҳқонони хоҷагиҳои пахтакор беш аз 5 ҳазору 700 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ба нуқтаҳои қабул супоридаанд. Имрӯзҳо дар ҳамаи 1400 хоҷагии деҳқонӣ ва хоҷагии кооперативии истеҳсолии «Авесто» ҷамъоварии пахта босуръат идома дорад. Нақшаи дурнамои имсолаи пахтакорони ноҳия 16 ҳазору 614 тонна мебошад.
Ифтитоҳи ду корхонаи нави саноатӣ
ВАҲДАТ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Беҳтарин Коло» дар деҳаи Тангайии деҳоти «Симинганҷ» ду корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд, ки яке истеҳсоли обҳои ташнашикан ва дувумӣ дастпоккунакҳои коғазиро ба роҳ мондааст. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 60 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Роҳбари ҶДММ «Беҳтарин Коло» мақсад дорад, ки ояндаи наздик дар корхона боз як хати нави технологиро насб намояд.
Озмун ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин маводи воситаҳои ахбори омма роҷеъ ба ҳифзи муҳити зистро ҷамъбаст ва ғолибонро муайян кард. Дар қатори ғолибон фаъолияти хуби хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Бурҳониддин Каримзода дар инъикоси масъалаҳои экологӣ махсус таъкид ва бо мукофоти пулӣ ҳавасманд гардонида шуд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло зимни супоридани туҳфаҳо ба ғолибон изҳори боварӣ кард, ки дар оянда кормандони воситаҳои ахбори омма дар баррасии масъалаҳои муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии мардум саҳми бештар мегузоранд.
Туҳфа ба ҷашн
ҲИСОР. ( Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)Ба истиқболи сеҳазорсолагии Ҳисор аллакай даҳҳо китоби гуногунҳаҷм нашр шуда, ба хонандагон дастрас гардидааст. Қаламкашони ноҳияи Ҳисор чанд сол боз мақсад доштанд, ки оид ба таърих, фарҳанг, шахсиятҳои барҷастаи ин куҳандиёр китобе мураттаб созанд ва дар бораи ин гӯшаи зебои Тоҷикистон маълумоти муфассал диҳанд. Айни ҳол маводҳоеро, ки тайи даҳ сол гирд овардаанд, бо тартиби муайян ҷо ба ҷо гузошта, ба чоп омода карда истодаанд. Китоби мазкур бо номи «Ҳисорнома» ё «Донишномаи Ҳисор» рӯйи чоп хоҳад омад. Алҳол барои китоби мазкур беш аз 5 ҳазор мақола тайёр шудааст.
Ифтитоҳи ду муассисаи таълимӣ
РАШТ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҶДММ «Наимӣ» ду мактаби замонавӣ, яке дар деҳоти «Ҷафр» барои 520 нафар хонанда ва дигаре дар маҳаллаи Сарипули шаҳраки Ғарм барои 470 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи ин ду муассисаи таълимӣ роҳбарияти ноҳияи Рашт ва мактаббачагону волидайни онҳо иштирок намуда, ба пудратчиён изҳори миннатдорӣ карда, ба сифати баланд ва шароити мавҷудаи мактабҳо баҳои баланд доданд.
Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.