Иштироки вакили Маҷлиси намояндагон дар мулоқоти гурӯҳи геополитикии «Авруосиё»

№128 (4711) 27.10.2023

24-уми октябри соли 2023 вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Маликзод дар мулоқоти гурӯҳи геополитикии «АвруОсиё»-и Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи гурӯҳи геополитикии «АвруОсиё»-и Иттиҳоди байнипарлумонӣ», «Дар бораи ишғол намудани ҷойҳои холии гурӯҳи геополитикии «АвруОсиё» дар мақомоти Вазорати роҳи оҳан», «Дар бораи интихоби раиси гурӯҳи геополитикии «АвруОсиё» ва «Дар бораи сана ва соати баргузории ҷаласаи гурӯҳи геополитикии «АвруОсиё»-и Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар доираи Ассамблеяи 147-уми ИБ дар Луанда, Ангола» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Парвина Маликзод, аз ҷумла, чунин таъкид намуд: «Тӯли сӣ соли равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон тавонистем механизмҳои муассири ҳамкориҳоро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем, ки имрӯз ба нафъи халқҳои бародарамон хизмат мекунанд. Мо ба муносибатҳои ҳозира ва устуворона бо ҳамаи мамлакатҳо баҳои баланд медиҳем».

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон