26-уми октябри соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва конфронси байналмилалии «Забони русӣ — асоси муколамаи ҳамгироӣ дар минтақаи ИДМ», ки дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Аъзои комиссия дар ҷаласа лоиҳаи конунҳои намунавӣ «Дар бораи баҳогузории кадастри давлатӣ», «Дар бораи шартномаҳои нигоҳдорӣ» ва «Дар бораи созишномаҳои миёнаравӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, табодули назар намуданд.
Вакилон, ҳамчунин, дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои коршиносони Комиссияи доимии АБ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки 21-уми сентябри соли 2023 баргузор гардида буд, маълумотро шунида, аз рӯи пешниҳодҳои таҳиянамудаи Шӯро қарор қабул намуданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, ҳамчунин, дар конфронси байналмилалии «Забони русӣ — асоси муколамаи ҳамгироӣ дар минтақаи ИДМ» иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2023 «Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» эълон гардидааст.
Ташкилкунандагони конфронс якҷо бо АБ ИДМ Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия, Китобхонаи миллии Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Россия ба номи Б. A. Герцен ва Ассотсиатсияи байналхалқии омӯзгорони забон ва адабиёти рус мебошанд.
Дар рӯзномаи конфронс оид ба мавқеи забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ИДМ ва ҷаҳон, иқтидори забони русӣ дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстона, омӯхтани забони русӣ ҳамчун забони модарӣ ва хориҷӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва берун аз он, забони русӣ ҳамчун забони қоидасозӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ, масъалаҳои актуалии забоншиносии ҳуқуқӣ, забони русӣ ҳамчун забони байналмилалии дипломатия, фаъолияти забони русӣ ва тарҷумаи касбӣ мубоҳиса сурат гирифт.
Дар тӯли сол намоишу семинарҳо, лексияҳои онлайн (дар реҷаи маҷозӣ) ва дигар чорабиниҳои мавзӯӣ ташкил шуд, ки ба рушди забони русӣ ҳамчун забони байналмилалӣ дар ИДМ ва берун аз он мусоидат намуд. Аз рӯи ҷамъбасти конфронс резолютсияи хотимавӣ қабул шуд.
26-уми октябри соли 2023 дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиши ИДМ баргузор гардид. Дар он вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода дар реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа баррасии таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои давлатҳои ИДМ ва таҳлили самтҳои ояндадори қонунбарории намунавӣ дар соҳаи рушди рақамӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои комиссия, ҳамчунин, пешниҳоди коршиносонро дар таҳияи лоиҳаи қонунҳои намунавии «Дар бораи алоқаи электронӣ дар муҳити захираҳои ВАО-и рақамӣ», «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз иттилооти ба саломатӣ онҳо зараровар», «Дар бораи фаъолияти хайрия» дар таҳрири нав баррасӣ намуданд.
26-уми октябри соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф , ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар реҷаи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин: лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи фондҳои мақсадноки дастгирии фаъолияти илмӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», консепсияи лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба «Кодекси таълимии намунавии давлатҳои аъзои ИДМ (қисми умумӣ) дар самти рақамикунонӣ», консепсияи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи интеллектуалии сунъӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзои комиссия, ҳамчунин, равишҳои пешниҳодкардаи таҳиягаронро оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии мунтазами кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» ва лоиҳаи «Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии мубодилаи байналмилалии академӣ» баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, дар робита ба пешниҳод дар бораи таҳрири нави Қонуни намунавӣ «Дар бораи асосҳои танзими интернет» андешаҳои судманд баён гардид.
Ба аъзои комиссия ва коршиносон оид ба масъалаҳои актуалии қонунгузории Федератсияи Россия дар соҳаи илм ва маориф маълумот дода шуд.
Дар рӯзномаи ҷаласа, ҳамчунин, баррасии фаъолияти созмони бунёдии забон ва фарҳанги кишварҳои ИДМ оид ба робита бо донишгоҳҳои кишварҳои муштаракулманофеъ ва баргузории ҳабдаҳумин бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ муаррифӣ шуд.
Дар интиҳои ҷаласа аъзои комиссия нақшаи кор барои соли 2024 ва лоиҳаи рӯзномаи пешакии ҷаласаи навбатии иҷлосияи баҳории соли 2024-ро баррасӣ намуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон