24-уми октябри соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Син Хон Чхол мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии халқӣ — демократии Корея, манфиатдор аст.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон