Ба ифтихори 23 –юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъана аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба як зумра шаҳрвандони ниёзманди шаҳр кумакпулиҳои якдафъаина дода шуд.
Ин навбат барои қадргардонии 6276 нафар сокинони пойтахт, ки марбут ба категорияҳои мухталифанд, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти № 420 аз 5 сентябри соли 2014 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 4 млн. 973 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз кумакпулии яквақта, аз ҷумла 106 нафар маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, панҷ нафар ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва 3683 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр (ҳар кадом ба андозаи 900 сомонӣ), 326 нафар аз оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, се нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград ва 1262 нафар аз оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунанд (ба ҳар кадом ба андозаи 700 сомонӣ) ва ба 70 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 253 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 112 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 74 нафар маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии «Чернобил» ва 280 нафар кормандони сохторҳои кабудизоркунӣ (ҳар кадом ба андозаи 500 сомонӣ) бархӯрдор гардиданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳар кадоми онҳо ва дар симаташон кулли ҷамоатчигии шаҳрро бобати саҳми арзандаашон дар ободонию тараққиёт ва ҳамкориҳои рӯзафзунашон дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр арзи сипос намуда, бо ибрози таманниёти самимӣ изҳори боварӣ кард, ки минбаъд низ неру, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт равона мегардад.
Ш. САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе