Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фархор Алихон Шарипов ба мо иттилоъ дод. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1325 нафар барои дарёфти ҷои кор муроҷиат намуданд. Аз он 1184 нафарашон ба қайд гирифта, 845 нафар бо кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд. Аз ин шумора 625 нафарашон занон мебошанд.
Зикр шуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2023 ба 212 нафар бекоре, ки дар қайди шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия қарор доштанд, кумакпулӣ пардохт гардид. Агентӣ 220 нафар хоҳишмандро ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намуд.
Ҳамчунин, дар 17 ярмаркаи ҷои холии кор, ки дар ҳамкорӣ бо 137 корхонаю идораҳои буҷетӣ, саноатию истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо доир шуд, 783 ҷои холии кор пешниҳод шуд, ки 183 нафар бо кор таъмин гаштанд.
- Аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар ин давра ба 25 нафар бекорон қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки онҳо асосан, дар соҳаи истеҳсолот ба соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд, — гуфт Алихон Шарипов.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»