Истеҳсоли маҳсулоти нав

№129 (4712) 30.10.2023

Мутахассисони ботаҷрибаи сохтори Департаменти истеҳсоли маснуоти алюминийи шаҳри Турсунзода бо роҳбарии директори департамент Юсуф Шоҳиён шурӯъ аз аввали моҳи марти соли ҷорӣ корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд.

Бояд иброз дошт, ки коргоҳи мазкур, аслан бо истифодаи дастгоҳи истеҳсоли итолиёвии «Экструдинг пресс» (тамғаи «IMPORANTE») ба истеҳсоли созаҳои филизии қабати ҷавскунӣ машғул буд. Аз лиҳози кам будани фармоиш ба ин гуна таҷҳизот тасмим гирифта шуд, ки барои самаранок истифода бурдани дастгоҳҳои замонавии дар ихтиёрдошта, истеҳсоли маҳсулоти нав, яъне хатҳои барқгузар ба роҳ монда шавад.

Маврид ба ёдоварист, ки эҳтиёҷот ба хатҳои барқгузар дар дохили мамлакат ва берун аз он зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли ноқили барқӣ дар як шабонарӯз 43 ҳазор метрро ташкил намуда, айни замон дар корхонаи мазкур ноқили барқии тамғаи «АППВ-2,5» истеҳсол шуда истодааст.

Истеҳсолгарон назди худ вазифа гузоштаанд, ки оянда навъҳои дигари ноқил «АППВ-2Х4», «АППВ-2х3», «АППВ-2х6», «АПВ-2,5», «АПВ-4», «АПВ-6» ва «АПВ 10» — ро истеҳсол намоянд ва дар саноатикунонии босуръати мамлакат ҳиссаи бештар гузоранд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»