Бардошт аз маҳфили шеъри устод Ворис
Маҳфили шеъри шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзноманигори варзида Ворис, ки чанде пеш дар толори Осорхонаи таърихи кишваршиносии шаҳри Ҳисор доир шуд, дилбастагони каломи бадеъро ба ҳам овард. Аҳли нишаст соате чанд аз лаҳни зебои суханварӣ ва шеърҳои устод, ки маъниҳои баланди ирфонӣ, тасвирҳои зебои заминӣ доранду як олам розҳои андешазоро ниҳон медоранд, файзи маънӣ бардоштанд. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, овозхони маънисаро Шамсиддин Муҳиддин, ки меҳмони маҳфил буд, бо сурудҳои дилошӯб табъи аҳли нишастро болида намуд.
Маҳфилро, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор доир гардид, раиси шаҳр Қосим Роҳбар ифтитоҳ намуд. Ӯ, аз ҷумла, иброз дошт, ки устод Ворис аз зумраи шоироне мебошад, ки бо ашъори фасеҳу равон дар рушди адабиёти навин нақши муниру мондагор дорад. Чорабинии имрӯза имкони хубест, ки дӯстдорони каломи мавзун рӯ ба рӯ бо устод ҳамсуҳбат шаванд.
Он чӣ шоир кулвори осори манзуми хеш дар маҳфил пешниҳод намуд, аз ҷониби аҳли нишаст гарм истиқбол ёфт. Зикр гардид, ки осори манзуми Ворис бори маъно мекашаду ҳадафҳои олӣ дар пай дорад. Хонандаро ҳамеша ба андеша мебарад. Мазмуну ғояҳои баландро талқин месозад, ба инсон дониш, сафо ва маърифат мебахшад.
Коргардони варзидаи телевизион ва синамо Б. Сайфиддин, рӯзноманигор Тиллои Некқадам, адиб Султонмуроди Одина зимни суханронӣ аз талошҳое, ки шоир дар зиндагӣ барои расидан ба камолоти инсонӣ ва эҷодӣ намудааст, ёдовар шуда, фаъолияти ӯро пурсамару созанда арзёбӣ намуданд.
Нависанда ва рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдурауф Муродӣ аз овони донишҷӯиашон бо шоир ёдоварӣ намуда, чунин гуфт: «Ворис ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ пайкари сабр, пайкари андешаву мулоҳиза, буд. Кам сухан мегуфт, аммо бо нармӣ. Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ шеъраш сара буд ва ғояҳои баланди инсониро пайгирӣ менамуд. Ин таваҷҷуҳи моро на танҳо ба шахсияти Ворис, балки ба Ҳисор ва адибони дигари ин ҳавза бештар намуд».
Дар маҳфил сухан танҳо аз шеър набуд, балки аз Модар, Ватан буду аз худшиносӣ, аз ғафлат накардан буду аз бедорӣ. Шоир дар ин маврид аз мутафаккири тоҷику форс Боязиди Бастомӣ қиссаи пандомезеро ба хотир оварда, таъкид намуд, ҳар касе дар роҳи илм қадам мемонад, ӯ як қадам дар роҳи бедорӣ мегузорад.
Фиғон, эй дил, ки ғофил мондаӣ ту,
Ба ғафлат пой дар гил мондаӣ ту.
Зи баъди пастии тӯфони дарё,
Тани танҳо ба соҳил мондаӣ ту.
Манзури шоир аз ин рубоӣ, ки дар маҳфил ба аҳли нишаст пешниҳод шуд, бедор намудан аст. Ӯ ба ҳайси инсони бедору ҳушманди давр мехоҳад инсонҳо ғофил намонанд, аз ботин бедор бошанд.
Шоир ба ихлосмандони шеър маҷмӯаи «Пайкари сабр», ки шеърҳои дар солҳои гуногун навиштаашро дар бар мегирад, ҳамчун армуғон пешниҳод намуд. Мужда дод, ки китоби навбатиаш, ки омодаи чоп аст, ба хонандагон аз бедориву худшиносӣ қисса хоҳад кард.
Зимнан, устод Ворис дар рушди журналистикаи тоҷик низ саҳми созгор дорад. Фориғуттаҳсили факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе мебошад. Солҳо дар ҳафтаномаҳои «Омӯзгор», «Наврӯзи Ватан», радиоҳои «Тоҷикистон», «Ватан» ва «Телевизиони СМТ» фаъолият намудааст. Ҳоло дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум» кор мекунад.
Шеърҳои устод дар маҷмӯаҳои «Рози бараҳнагӣ», «Ҷоми гӯё», «Дар чор фасли лаҳзаҳо» чоп гардида, осории насриаш дар китобҳои «Шишаи номус дар бағал» ва «Паланги қуллаҳои барфпӯш» гирдоварӣ шудааст.
Нашри китоби «Тазкираи Ворис»-ро, ки ба хонандагон дар бораи шоирони ҳавзаи адабии Ҳисор аз асри Х то асри ХХ иттилоъ манзур менамояд, аз иқдоми дигари арзишманди ӯ метавон арзёбӣ намуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»