Бисту сеюми октябри соли 2023 дар меҳмонхонаи «Ҳаят-реҷенси» бо ташаббуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дастгирии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Форуми дуюми пенитенсиарӣ зери унвони «Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он намояндагони Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазирони маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, сафирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ,Ҷумҳурии Федеративии Германия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, роҳбари доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҳамкорон дар соҳаи ислоҳоти мақомоти ҷазои ҷиноятӣ ширкат варзиданд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зимни ифтитоҳи форум иброз намуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагонро эҳтиром ва ҳифз карда, шароити муқарраршударо барои адои ҷазо, кафолати адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ таъмин менамояд. Роҳбарияти давлат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз он ҷумла мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва мутобиқи қонунгузорӣ ба роҳ мондани фаъолияти онҳо диққати махсус зоҳир менамояд. Бо мақсади ба талаботи замони муосир ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гаштани фаъолияти низоми мазкур қонунгузории кишвар ба таври мунтазам ба меъёрҳои санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ гардонда мешавад.
Сипас, муовини вазир — сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Мансурҷон Умаров зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2002 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба ҷорӣ намудани ислоҳот дар мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дастур дода буданд.
Вобаста ба ин, аз 31-уми декабри соли 2002 мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо тамоми сохтораш аз ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ пурра ба тобеияти Вазорати адлияи мамлакат гузашт. Мақсад аз ин тағйироти сохторӣ, яъне аз тобеияти мақомоти қудратӣ баровардан ва ба ихтиёри сохтори шаҳрвандӣ гузаронидани мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ боз ҳам башардӯстона намудани раванди иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, бештар намудани кафолати риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагон, беҳтар сохтани шароити нигоҳ доштани шахсоне, ки дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ боздошт мешаванд, тавзеҳ дода шуд.
Моҳи декабри соли 2003 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои солҳои 2004-2008» қабул гардид, ки дар он самтҳои асосии рушди минбаъдаи соҳа муайян шуда буданд. Бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат соли 2011 Раёсати корҳои ислоҳӣ ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ табдил дода шуд.
Зикр гардид, ки Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти хориҷӣ ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ бо мароми муайян ҳамкории муфид ҷорӣ намуда, барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чорабиниҳои якҷояро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ЮНИСЕФ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (OSCE), Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODS), Духтурони бидуни марз, Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ (TIKA) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ шарикони доимӣ ба ҳисоб мераванд.
Мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар доираи ислоҳоти соҳа ба касбомӯзии маҳкумшудагон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва ҳоло дар назди Муассисаи ислоҳии рақами 2 Литсейи касбӣ-техникӣ пурра фаъолият менамояд. Пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои кушодани боз чор литсейи дигари касбӣ-техникӣ дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Ваҳдат, Хуҷанд ва ноҳияи Ёвон мавриди баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳоло дар филиалҳои Литсейи касбӣ-техникии амалкунанда 1250 нафар маҳкумшудагон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
- Дар муассисаҳои рақами 1 ва 4 бинои сехи дӯзандагӣ навсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва барои 120 нафар ҷойи кор муҳайё шудааст. Дар тавқифгоҳи тафтишотии рақами 1 бинои ошхона ва нонпазхона ва мутобиқгардонӣ барои 100 нафар аз таъмир бароварда шуд.Баҳри ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бо мақсади таъсиррасонӣ ба раванди ислоҳи маҳкумшудагон бо ҷалби ҳунармандони театрҳои ҷумҳуриявӣ намоишҳои театрӣ барои маҳкумшудагон гузаронида мешаванд. Соли гузашта бори аввал дар байни маҳкумшудагон озмунҳои гуногун, аз ҷумла дар партави озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмунҳои «Китобхони беҳтарин» ва «Шеъру ғазалсарои беҳтарин» бо риояи қоидаҳои дохилии муассисаҳо гузаронида шуданд.
Мақомоти ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ дар самти ҷалб намудани маҳбусон ба меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, зеро маҳкумшудагон дар ҷараёни иштирок дар истеҳсолот барои эҳтиёҷоти оилаҳояшон музди меҳнат мегиранд ва товони зарарро ҷуброн менамоянд. Инчунин, таҳлил нишон медиҳад, ки меҳнат дар истеҳсолот ба ҷараёни ислоҳшавии онҳо таъсири мусбат мерасонад, — гуфт Мансурҷон Умаров.
Агар дар шашмоҳаи якуми соли гузашта 587 нафар маҳкумшуда аз низоми муассисаи ислоҳӣ ба колонияҳои сукунатӣ гузаронида шуда бошанд, дар ҳамин давраи соли равон 1105 нафар маҳкумшуда ба колонияҳои сукунатӣ гузаронида шуданд, ки аз ин шумора беш аз 1000 нафар ба сохтмонҳои ҷумҳурӣ ва корҳои роҳсозӣ ҷалб гардидаанд. Маблағе, ки маҳкумшудагон кор мекунанд, барои ҷуброни молиявии зарардидагон ва пардохти қисме аз маош масраф мешавад.
Чанде пеш дар байни маҳкумшудагоне, ки бо ҷурми алоқамандӣ ба терроризм ва экстремизм маҳкум шудаанд, аз тарафи мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пурсиши беном (аноним) гузаронида шуд. Натиҷаҳои пурсиш нишон доданд, ки аксарияти онҳо (70 фоиз) аз ҳисоби ҷавонони аз 18 то 40 — сола буда, аз нисф зиёдашон (62 фоиз) соҳиби маълумоти миёнаи нопурра ва пурра мебошанд. 41 фоизи маҳкумшудагон ҳангоми дар хориҷи мамлакат дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан фирефтаи гурӯҳҳои тундрав гардидаанд. 70 фоизи пурсидашудагон иқрор шудаанд, ки бо сабаби паст будани дониши дунявӣ ва динӣ ба равияҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамроҳ шуданд. Ҳамчунин, 67 фоиз эътироф намудаанд, ки дар натиҷаи ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба ҷиноят заданд. Натиҷаҳои ин пурсиш пурра ва мукаммал шуда, барои омӯзиш ба мақомоти дахлдор пешниҳод мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар доираи ислоҳот ҳамаи китобхонаҳои муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз таъмир бароварда шуда, 5 000 нусха китобҳои тозанашр харида шуданд. Дар муассисаи ислоҳии 3/1 сохтмони 13 китобхона ба анҷом расида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудаанд. Дар ҳамаи сохторҳо хати радиоӣ гузаронида шуда, дар толорҳои фарҳангию тарбиявӣ ва саҳни муассисаҳо телевизорҳо насб ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Зикр гардид, ки солҳои охир байни маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳӣ, новобаста аз низомашон мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд. Ғолибон бо туҳфаҳои қиматнок сарфароз гардонида шуда, ҳар иштирокчии мусобиқаҳо бо вохӯрии дарозмуддати ғайринавбатӣ (се шабонарӯз) ва 1 соат гуфтугӯи телефонӣ ҳавасманд мешаванд. Мувофиқи таҳлилҳо ин тадбирҳо самараи нек доданд, аз ҷумла, дар шаш моҳи аввали соли равон 92 нафар маҳкумшудагон пеш аз муҳлат аз иҷрои ҷазо озод гардиданд.
Дар поёни суханронӣ маърӯзачӣ ёдовар шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 қонун дар бораи авф ба имзо расида, талаботи онҳо нисбат ба бештар аз 110 ҳазор маҳкумшуда татбиқ гардидааст. Аз ҷумла, зиёда аз 40 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз идомаи ҷазо озод шудаанд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи ислоҳоти низоми ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мешавад. Аз ҷумла, дар доираи стратегия санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти хориҷӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта мешаванд ва тадриҷан шароити будубоши маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегардад.
Муовини директори Ташкилоти ҷамъиятии «Бюро оид ба ҳуқуқи инсон» Таҳмина Ҷӯраева иброз намуд, ки дар «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» бо мақсади ба меъёрҳои башардӯстӣ бештар мувофиқ гардонидани қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ андешидани як қатор тадбирҳо пешбинӣ гардидааст. Дар ин замина, масъалаҳои ташкили системаи самараноки иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқшавии воқеии шахсони озодшуда аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ аҳамияти калон доранд.
Иштирокчиёни чорабинӣ оид ба дастгирии ҳуқуқҳои шахсии маҳкумшудагон, мутобиқати шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ баромада, барқарорсозӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғон дар давраи адои ҷазо ва баъди озод шудан аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тақвият ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ, таъсиси хадамоти пробатсионӣ ва рушди ҷазои алтернативӣ ва дигар мавзӯъҳои соҳа ибрози андеша намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ