26 — уми октябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисион Раҷаббой Аҳмадзода дар маърӯзаи идонаи худ қайд кард, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти доманадори мақомоти судӣ дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам сохт. Дар ин давра барои таҳкиму такомули мақомоти судӣ якчанд барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабулу татбиқ шудааст. Онҳо баҳри пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷамъият, таъмини шароити мусоид барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва дар маҷмӯъ, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши босазо доранд.
Дар охир, ба як зумра кормандони пешқадами соҳа Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҷамъомадро, барномаи рангини консертии устодони санъати вилояти Суғд шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир И. Рабиев