Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Малайзия

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Ҳаштуми сентябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба ва тавофуқоти судманд, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия моҳи июни соли равон ҳосил шуда буд, зоҳир гардид.

Зарурати таъсиси ҳар чӣ зудтари комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ ва фаъол намудани он ва ҳамчунин ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ ва байнисоҳавӣ таъкид карда шуд.

Мусоидат ба густариши робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусӣ ва соҳибкории ду кишвар низ басо муҳим дониста шуд. Таъкид гардид, ки барои ин, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз, даромад ва сармоя бояд ба имзо расонида шавад.

Бо қаноатмандӣ аз робитаҳои судбахши ду кишвар дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсили шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар Малайзия, таъкид гардид, ки ин таҷриба бояд густариш дода шавад. Зарурати рушди ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дигар соҳаҳои ояндадор низ таъкид гардид.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj