Сипари боэътимоди саодати мардум

№131 - 132 (4714 - 4715) 03.11.2023

Дунболаи коре ба автобуси №15 нишастам. Автобус занбӯрхонаро мемонд. Кадоме аз онҳо ба кадоме чӣ гуфтан мехост, маълум набуд. Гуфтан буду шунидан не. Ба хомӯшӣ даъват кардани онҳо низ кӯшиши беҳуда буд. Ду ҷавонзан завқкунон ба аҳволи онҳо нигоҳ карда механдиданд. Аз духтарчае фаҳмидам, ки онҳоро сарҷамъ ба тамошои барномаи сиркие оварданду дар наздикии маҳаллаи Ховарон фаромаданианд. Ба чеҳраи он дӯстрӯякҳо нигариста, ҳама ғамҳоро лаҳзае фаромӯш кардам ва беихтиёр ҳоли зори кӯдакони зери сояи ҷанг дар баъзе кишварҳои ҷаҳон пеши назарам омад. Гиребони шукр аз тинҷию ободии кишвар доштам. Дар фуромад ба он ду зан гуфтам, ки бигузор доимо зери ҳамин гуна шавқуну ғалоғула ва овозҳои кӯдакон бошем, зери садои даҳшати ҷанг, кӯдакони тамоми дунёро ҳамин хандаю шодии кӯдакони тоҷик насиб гардад. Бигузор, оташи ҷанг дар ҳама олам ба таври абадӣ хомӯш бошад!

Ҳамин аст яке аз маъниҳои ниҳоят содаю оммафаҳми мафҳуми яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санади олие дар рисолати ҳифзу ҳимоя, таъмини амнияту осоиштагии мардум ва пешрафту гул-гулшукуфии Ватан, қонунсолорӣ ва кафолат ва сипари боэътимоди саодати миллат.

Имрӯз ба навиштан шояд осон намояд, аммо набояд фаромӯш намуд, ки рӯзгори босаодат барои мо осон насиб нагардидааст. Он чӣ осон муяссар гардида буд, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, вале хоинону душманони миллат онро чашми дидан надоштанд, низоъ ангехта мехостанд, онро аз миён бардоранд. Маҳз, дар ҳамин марҳилаи тақдирсози миллат бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмардони бонангу номус, ватандӯсти миллат ҷон ба кафи даст гирифта, ба мубориза ба муқобили қувваҳои аҳриманӣ бархостанд. Мутаассифона, бисёриҳо дар мубориза барои ҳимоя ва барқарорсозии Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ҷони азизи худро аз даст доданд, то ки мо тавонем дар фазои сулҳу осоиш умр ба сар бубарем. Он чӣ бояд насл ба насл дар ёд дошта бошем ва нагузорем, ки дигарбора пою қадами наҳси тоифаи дастудилнопок ба сарзамини муқаддаси мо бирасад.

Дар ин замина аввалин санади ояндасоз — Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд ва дар се марҳилаи баъдӣ боз ҳам тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Муқаддасоти ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ҳам дар он зоҳир мегардад, ки рисолати роҳнамоиро дар худ ифода менамояд. Бе доштани Конститутсияи мукаммал, ҷавобгӯи талаботи давру замон, ифодагари тамоми ормонҳои миллӣ бақои низоми давлату давлатдорӣ имкон надорад. Хушбахтона, ба он нигоҳ накарда, ки қабули Конститутсия ба давраи хеле ҳассосу мушкил рост омада буд, он аз суфтатарин ва беҳтарин қонунҳои асосӣ дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми олии низоми қонунмандӣ буда, он барои наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъулу роҳнамо мебошад, зеро он таъмини соҳиб­ихтиёрии давлати худ, пешрафти онро дарк ва озодию ҳуқуқи шахсро муқаддас арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медиҳад.

Боиси хурсандист, ки фарҳанги эҳтирому арҷгузории тоҷикон ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Яъне, беэҳтиромию хиёнат ва таҳқир ба арзишҳои муқаддас боис ба эҷоди мушкилию бадбахтиҳо мегарданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 29 соли мавҷудият бузургию шаҳоматашро собит сохт. Бо шарофати он имрӯз Тоҷикистон дар қатори кишварҳои амнтарини ­дунё қарор гирифта, бомаром дар сохтани давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд пеш рафта истодааст. Имрӯзҳо дар қатори шаҳрвандони Тоҷикис­тон намояндагони бисёре аз халқияту миллатҳои хориҷи дуру наздики ҷаҳон озодона пайи таҳсилу кор ва зиндагӣ мебошанд. Тоҷикистони азизи мо ба таври шинохтанашаванда симои худро тағйир дода, ба яке аз мамлакатҳои ободу зебо табдил ёфтааст, ки ҳамаи ин маҳз, бо шарофати Конститутсия ба вуқӯъ пайвастааст ва месазад, ки мо онро дар замони хеле ҳам ҳассосу ноустувори сиёсии ҷаҳон чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро ки риоя, итоат, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба қонунҳои давлат кафолати бехатарӣ, тинҷию осудагӣ ва пешрафти миллату давлат маҳсуб меёбанд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»