Конститутсия – баёнгари воқеии қонунҳои иҷтимоии ҷомеа

№131 - 132 (4714 - 4715) 03.11.2023

6novШашуми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санад ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи мардуми  моро муайян намуда, ба низом медарорад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки се соли нахустини  фазои соҳибистиқлолӣ, яъне солҳои 1991-1994 солҳои пурошӯб ва давраи ҷустуҷӯи ҷавоби мушаххас ба саволҳое буданд, ки мо ба чӣ гуна сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ эҳтиёҷ дорем, ояндаи ҷомеа ва давлатро дар доираи кадом низоми сиёсӣ ва арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ дидан мехоҳем, ормонҳои миллии дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаамонро бо кадом роҳу равиш амалӣ менамоем. Давоми се соли ниҳоят сангин ва заҳмату талошҳои пайгирона бо иштироки бевоситаи мардуми мамлакат Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон таҳия, муҳокима ва қабул гардид. Мардум бо қабули  Конститутсия  ба ҳамаи саволҳои гузошташуда ҷавоби дақиқ пайдо карда, роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро пеш гирифт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгӯи манфиатҳои он буда,  давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалисозии ормонҳои онҳо дигар мақсаде надорад.

Бо корманди Суди шаҳри Душанбе Саидбасир Ҳабибзода доир ба мақом ва манзалати Конститутсия дар давлати соҳибистиқлол ҳамсуҳбат шудем.

Ӯ саравввал зикр кард, ки ин санади тақдирсоз, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар давлат мебошад. Эъмори давлати мустақил ва пайваст ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрӯз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ эҳтиром мекунанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикис­тон дар асл баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисону коршиносони маъруфи як қатор кишварҳои ҷаҳон баланд арзёбӣ гардид.

Қабули Конститутсия баёнгари ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишоф буда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд. Аз ҷониби аҳли илм ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври сазовор қадршиносӣ гардидани ин санади  таърихӣ, ҳамчун нахустин ­эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар аст.
Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии гуногунро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам овард.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Моҳияти демократии Конститутсияи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, дар эътироф гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад. Бахши муфассали он, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд­ро таҳти танзим қарор додааст, аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф намудааст.

Ҳар гуна ҷомеа, махсусан ҷомеаи рӯ ба инкишоф, доимо дар ҳолати тағйиру дигаргуниҳои куллӣ қарор дорад ва ҷомеаи мо низ аз ин қонунмандии иҷтимоӣ истисно нест. Бо назардошти дастовардҳои нав ба нави ҷомеа зарурати ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад, ки дар натиҷа моддаҳои  нопурраи онро  комилтар гардонд. Дар натиҷаи се ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии мамлакат парламенти дупалата, такмили мақомоти иҷроия ва сох­тори иқтисодии давлат, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсияи мо ворид гардиданд. Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.

Саидбасир Ҳабибзода афзуд, ки Конститутсия мазмуни демок­ратӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистонро муқаррар мекунад, ки барои пурра татбиқ шудани ин мафҳуму арзишҳо ба сифати ормонҳои мардуми мо вақту замони муайян зарур аст. Татбиқи меъёрҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ба пешрафти ҳаёти ҷомеа, иҷрои барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлатӣ, хулоса, ба шароиту имкониятҳо ва ба сатҳи пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат вобаста мебошад.  Қонуни асосӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эълон намуда, мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад. Ин чунин маънӣ дорад, ки қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ё онҳоро халалдор созанд, инчунин ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор бояд дар фаъолияташон ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба инобат гирифта, набояд амале мухолифи он содир намоянд. Тоҷикистон, инчунин, як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳалли зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи судии онҳоро кафолат додааст.

Давлат дар доираи талаботи Конс­титутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат медиҳад.  Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки дар ҷомеаи озод ва давлати демократӣ ҳар фард дар баробари ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, ҳамчунин, дар назди давлат ва ҷомеа масъулу уҳдадор мебошад. Ба ибораи дигар, озодиҳои мо сарҳад дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонун, адлу инсоф, манфиатҳои умум ва дигар арзишҳои башарӣ муайян карда мешавад.

- Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёрию истиқлолият барои миллат имкони интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад.  Аз ин лиҳоз, танҳо дар сурати эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои уҳдадориҳои конститутсионӣ дар ҷомеа субот ва тартибу интизом пойдор ва таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат ва ҷомеа имконпазир мегардад, — хулоса кард Саидбасир Ҳабибзода.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»