Чӣ гуна Конститутсия китоби рӯимизиам шуд?
Пас аз се соли соҳибистиқлолӣ, яъне 6-уми ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон қонуни асосӣ — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи даҳ конститутсияҳои беҳтарини дунё ба ҳисоб меравад, зеро 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои ҳаёти шаҳрвандонро ба танзим медарорад. Он дар баробари танзими фаъолияти ҳаррӯзаамон, инчунин, мувофиқ ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшудаи байналмилалӣ мебошад.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун оина симои давлати маҳбубу озод ва орому осудаи моро нишон медиҳад. Чӣ гуна давлат будану чӣ ҳадаф доштану чӣ гуна танзим шудани фаъолияти шаҳрвандон ва ғайраҳоро бозгӯ мекунад.
Тавре дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Ман 11 сол боз дар рӯзнома кор карда истодаам. Чун рӯзномаи «Садои мардум» нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, саҳифаҳояшро бе қонуну кодексҳо, шарҳу тафсир ва муҳокимаю баррасии онҳо тасаввур кардан мушкил аст, бо боварӣ метавон гуфт, ки ин муддат ҳамеша бо меъёрҳои танзимкунанда сарукор гирифтаам.
Аз сабабе ки қисми зиёди фаъолиятам дар шуъбаи ахбор, номаҳо, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеаи рӯзномаи мазкур сипарӣ гаштааст, бештар муроҷиати шаҳрвандонро, ки бо мушкилоти гуногун дари шуъбаи моро мекӯбанд, мешунавам. Вобаста ба зарурат ва мавзӯи муроҷиаткунандагон аз бобу моддаҳои Конститутсия хеле зиёд истифода мекунам, аммо дар миёни 100 моддаи он аз ҳама зиёд ба моддаи 30 зарурат пеш меояд. Чуноне дар он омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад».
Ҳар корафтодае ба идораи мо, махсусан, ба шуъбаи мо меояд, моддаи 30-юми Конститутсияро аввал барояш маънидод мекунем ва пасон арзашро мешунавем.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари намунаи соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳамаи қонунҳои амалкунанда дар мамлакат аст, ки маҳсули натиҷаҳои он интихоби демократист ва намунаи барҷастааш интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд давр буд.
Метавон гуфт, ки ба ҳамин монанд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои зиёд ҳаст, ки намояндагони касбу кори гуногун дар фаъолияти ҳаррӯза чун роҳнамо аз он истифода мекунанд. Пас, беҳуда нест, ки Конститутсияро ҳуҷҷати роҳнамо ва сарнавиштсоз арзёбӣ кардаанд. Он дурустии интихоби роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро собит карда, рӯз то рӯз эътимоди мардумро ба давлати қонунмеҳвар зиёдтар менамояд.
Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»