Татбиқи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ

№131 - 132 (4714 - 4715) 03.11.2023

КОМРОНМафҳумҳои техникаи ҳуқуқӣ, техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар замони шӯравӣ аз ҷониби мутахассисон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда, то ҳол диққати олимон ва ҳуқуқшиносонро ба худ ҷалб менамоянд. Тасдиқи ин гуфтаҳо он аст, ки то ба имрӯз мафҳуми қавии техникаи ҳуқуқӣ, техникаи қонунгузорӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, қисмҳои таркибӣ, нақш ва ҷойи онҳо дар илми ҳуқуқшиносӣ ва фаъолияти қонунгузорӣ мушаххас нашудаанд.

Вобаста ба мафҳумҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи қонунгузорӣ дар сарчашмаҳои илми ҳуқуқшиносӣ андешаҳои олимон гуногунанд. Мавриди зикр аст, ки техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ин тарзу усулҳои барасмиятдарории санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъо­лияти мақомоти давлатӣ барои эҷоди меъёрҳои ҳуқуқ ва таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ дар мақоми олии қонунгузор мебошад. Аз ин лиҳоз, қоидаҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ метавонанд ба сифати меъёрӣ-анъанавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи техникаи ҳуқуқӣ ва техникаи қонунгузорӣ риоя шаванд.

Тавре мушоҳида мегардад, мафҳумҳои техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҳаммаъно фаҳмида мешаванд. Бештар ин иштибоҳ дар илми назарияи давлат ва ҳуқуқ мушоҳида гардида, айни замон ин норасоӣ бартараф шуда истодааст. Аввалин ҳаммаъно будани мафҳумҳои техникаи ҳуқуқӣ, техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкуниро ҳуқуқшиноси рус С. С. Алексеев инкор намуд. Ба андешаи С. С. Алексеев, «техникаи ҳуқуқӣ — маҷмӯи воситаҳо, усулҳои таҳия, барасмиятдарорӣ, нашр ва мураттабсозии қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мебошад, ки мукаммалӣ ва самаранокии онҳоро таъмин месозад». Ҳамчунин, муродиф будани мафҳумҳои техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ аз ҷониби муаллифони дигари хориҷӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба андешаи онҳо, омехта кардани мафҳумҳои техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ хавфи шарҳи номувофиқи онҳо дар ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунгузориро дорад. Бояд қайд намуд, ки техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ як чиз набуда, номи ду падидаи мустақил аст, гарчанде онҳо бо ҳам зич алоқаманданд ва ҳамдигарро пурра мегардонанд. Мушкилот оид ба шарҳи нопурраи мафҳуми техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар фаъолияти ҳуқуқӣ дар он буд, ки таваҷҷуҳ танҳо ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ зоҳир мешуд. Ин тамоюл сабаби ҳаммаъно фаҳмидани мафҳумҳои техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ гардидааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки зери мафҳуми техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ он қоидаҳое, ки ҳангоми таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (санадҳои зерқонунӣ) иҷро мегарданд, фаҳмида мешавад, зеро дар ҳолати қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои қонунгузорӣ функсияи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба итмом мерасад. Татбиқ намудани техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар ҷараёни қонунгузорӣ гувоҳи он мебошад, ки давлат ба самаранокии мураттабсозӣ ва сифати санадҳои қонунгузорӣ манфиатдор буда, тавассути ҳуқуқэҷодкунӣ сиёсати пешгирифтаи давлат, марому мақсади ҳокимият амалӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ қисми таркибии техникаи қонунгузорӣ буда, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти қонунгузорӣ ба илми ҳуқуқшиносӣ мусоидат менамояд.

Техникаи қонунгузорӣ қисми таркибии техникаи ҳуқуқӣ буда, ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ хос мебошад ва онҳо якдигарро пурра менамоянд. Аммо техникаи қонунгузорӣ нисбат ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ васеъ буда, дар худ нисбат ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ боз техникаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, техникаи мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, интишор, мавриди амал қарор додан, тафсир, боздошт ва қатъи амали санадҳои қонунгузориро дар бар мегирад.

Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ на танҳо ба илми ҳуқуқшиносӣ алоқаманд мебошад, балки асоси ҳуқуқшиносӣ буда, ҳамчун методологияи асосии он фаҳмида мешавад. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар фаҳмиши васеъ ин воситаи таъминкунандаи сарчашмаи қонун дар ҷомеа мебошад. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз омодасозии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оғоз меёбад. Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар давраи омодасозии лоиҳаи қонун, ки яке аз унсурҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба ҳисоб меравад, дар танзими меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, оқибатҳои ҳуқуқии он барои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, инчунин таносуби байниҳамдигарии он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ, дар адабиёти ҳуқуқӣ ба қоидаҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.

Дар баробари вусъати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, қабули шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар робита бо такмили санадҳои қонунгузорӣ торафт меафзояд. Маҳз, сифати санадҳои қонунгузорӣ, ки дар заминаи риояи қоидаҳои умумии техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ таъмин мешаванд, шарти асосии амалишавии самаранокии онҳо ба ҳисоб меравад. Дар амалияи қонунгузорӣ дар баробари вусъати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ як қатор мушкилоте ошкор шудаанд, ки ба самаранокии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷаи қабули шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ихтилофот байни онҳо ба миён омад. Таҳлили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки зимни омода намудани онҳо қоидаҳои техникаи ҳуқуқӣ, аз ҷумла қоидаҳои мантиқӣ, сохторӣ, забонӣ, услубӣ, техникӣ ва дигар қоидаҳои зарурӣ, риоя карда намешаванд. Дар натиҷа, ҳамаи ин омилҳо боиси халалдор гаштани раванди амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мегарданд. Бесабаб нест, ки дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мешавад, ки аз байн бурдани ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, оммафаҳм гардонидани қонунҳо, таъмини сифати онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда мебошад. Бо мақсади самаранокии қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ҳангоми омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ талаботи умумии техникӣ-ҳуқуқӣ дар фаъо­лияти ҳуқуқэҷодкунӣ, аз ҷумла дақиқ ифода намудани номи санади меъёрии ҳуқуқӣ, қисмҳои таркибӣ ва мазмуни асосии он, мутобиқати дохилии санади меъёрии ҳуқуқӣ, оммафаҳм будани мафҳум ва истилоҳот, такрор нагардидани меъёрҳо, дар замони ҳозира ва бештар дар шакли тасдиқӣ баён гардидани меъёрҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бояд риоя шаванд.

Татбиқ намудани техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ исбот менамояд, ки техникаи қонунгузорӣ нисбат ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мафҳуми васеътарро доро буда, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба маънои васеъ қисми таркибии техникаи қонунгузорӣ мебошад, зеро субъектони қонунгузор дар навбати худ субъек­ти ҳуқуқэҷодкунанда низ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, қоидаҳои расмии техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷузъи умумии қоидаҳои техникаи қонунгузорӣ мебошанд. Қоидаҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ин талаботи расмӣ-қоидавие мебошанд, ки мувофиқи он пайдарҳамии мантиқии баён, робитаи мутақобилаи баён, алоқамандии дастурҳои меъёрие, ки дар санади меъёрӣ ҷой дода шудаанд, набудани мухолифат дар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тарзи максималии баёни меъёр, инъикоси ҳаматарафаи мазмуни меъёр дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ на фақат хусусияти расмӣ, балки хусусияти техникӣ низ дорад. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, агар аз як тараф, марҳилаи муайяни мантиқии ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ — таҳия, пешниҳод ба мақоми қонунгузорӣ, муҳокима, мувофиқакунонӣ ва қабулро гузаранд, аз ҷониби дигар, онҳо қоидаҳои техникӣ — ҳуқуқӣ, услуб, воситаҳои техникаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкуниро мегузаранд. Дар марҳилаи ибтидоии омодасозии лоиҳа бояд тамоми қоидаҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ ҳаматарафа риоя шаванд. Қайд намудан бамаврид аст, ки қонун ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ бояд дорои мазмуни бой, аз лиҳози забонӣ саҳеҳ ва дар матни он қоидаҳои грамматикӣ, услубӣ ва мантиқӣ риоя карда шаванд. Сифати санади таҳия­шаванда аз он вобастагӣ дорад, ки то кадом дараҷа қоидаҳои зикршуда риоя карда мешаванд.

Дар асоси таҳлилҳои ҳуқуқӣ барои рушди низоми қонунгузорӣ зарурат ба миён омадааст, ки ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунӣ аз ваколатҳои қонунгузорӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби субъектони қонунгузор аз ҳам ҷудо карда шаванд:

- ба ваколати ҳуқуқэҷодкунӣ мансуб мебошанд: а) таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; б) муҳокимаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; в) мувофиқанамоии санади меъёрии ҳуқуқӣ; г) қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ (санадҳои зерқонунӣ);

- ба ваколатҳои субъектони қонунгузорӣ мансуб мебошанд: а) таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; б) муҳокимаи санади меъёрии ҳуқуқӣ; в) мувофиқанамоии санади меъёрии ҳуқуқӣ; г) ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; ғ) мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; д) интишор; е) мавриди амал қарор додан; ё) тафсир; ж) боздошт; з) қатъи амали санадҳои қонунгузорӣ.

Аз ин лиҳоз, техникаи ҳуқуқэҷодкуниро қисми таркибии техникаи қонунгузорӣ гуфтан ба мақсад мувофиқ мебошад, зеро техникаи қонунгузорӣ нисбат ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мафҳуми васеъ дош­та, дар худ дар баробари техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ боз техникаи таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ, техникаи ворид намудани тағйиру иловаҳо, техникаи мураттабсозӣ, тафсир, мавриди амал қарор додан, боздошт ва қатъи амали санадҳои қонунгузориро дар бар мегирад.

Ҷараёни фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз омодасозии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оғоз меёбад. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дорои хусусиятҳое мебошад, ки марҳилаи муайяни ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ таҳия, пешниҳод ба мақоми қонунгузорӣ, муҳокима, мувофиқакунонӣ ва қабулро мегузарад.

Дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда ба хулоса омадем, ки мафҳумҳои техникаи ҳуқуқӣ, техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкуниро аз ҳам ҷудо карда, дар алоҳидагӣ шарҳ диҳем. Онҳо, дар навбати аввал, аз ҷиҳати ҳаҷм ва мувофиқи мақсаду қисматҳои мундариҷаи худ аз ҳам фарқ мекунанд. Мафҳуми техникаи ҳуқуқӣ нисбат ба мафҳуми техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ васеъ буда, дар баробари ин қоидаҳои ҳуқуқистифодабарӣ, ҳуқуқфаҳмондадиҳӣ, мониторинги ҳуқуқ, доктринаи ҳуқуқро низ дар бар мегирад.

 Техникаи ҳуқуқӣ — низоми қоидаҳо, усулҳо, воситаҳо оид ба коркард, барасмиятдарорӣ, интишор, мураттабсозӣ, шарҳ ва татбиқи санадҳо-ҳуҷҷатҳо бо мақсади такмили низоми амалкунандаи ҳуқуқ ва қонунгузорӣ, самарабахшӣ ва пешгӯйии он маънидод мешавад.

Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ – маҷмӯи восита ва усулҳои таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад. Санади меъёрии ҳуқуқӣ пас аз хусусияти эътибори расмӣ пайдо намудан дар маҷмӯъ соҳаи қонунгузориро ташкил медиҳад.

Комрон ҶАМШЕДЗОДА,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон