Ҷамъомади тантанавӣ дар Маҷлиси намояндагон

№131 - 132 (4714 - 4715) 03.11.2023

DSC_2951Сеюми ноябри соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккулёбии Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни бузурги миллӣ табрик кард.

Зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори барҳақи ин санади сарнавиштсози ҷомеа буда, маҳз бо талошҳои пайваста ва иродаи қавии сиёсии Сарвари давлат дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти нави давлатдории муосири тоҷикон — давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ поягузорӣ шуд ва он дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша сабт гашт. Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

- Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвар эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем, — гуфт М. Зокирзода.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон  Равшан Раҷабзода дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккулёбии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки Конститутсия яке аз дастовардҳои арзандаи мардуми Тоҷикистон аст, ки имрӯз барои ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши хосро дорост. Барои соҳиб шудан ба ин санади мукаммалу устувор ва пурифтихор миллат ва давлати мо роҳи басо душвор ва печидаро пушти сар гузошт, ки дар садри ин талошу мубориза Пешвои миллат, Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Шахсе, ки бо ҷонбозиҳояшон халқро соҳиби шиносномаи давлатӣ, аркони давлатдорӣ ва давлати соҳибистиқлол намуданд. Қонунгароӣ ва конститутсионализм аз ибтидо меҳвари тафаккури сиёсии Пешвои миллатро ташкил медоданд ва батадриҷ ба мазмуни фаъолият ва мактаби сиёсии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтанд.

Равшан Раҷабзода талош ва ташаббусҳои Пешвои миллат барои таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фаъолияти минбаъдаи ӯро барои такмил ва татбиқи амалии он корномаи бузурги таърихӣ арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки дар шароити печида ва дар як ҷомеаи пасошӯравӣ татбиқи меъёрҳои нави конститутсионӣ аз Роҳбари давлат заҳмат, талош ва ҷасорати ­махсусро талаб мекард ва хушбахтона, Пешвои миллат аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ низ ба хубӣ баромадаанд. Дар фароварди суханронии хеш Р. Раҷабзода саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули Конститутсия, аз ҷумла ташкил ва роҳбарии раванди таҳия ва қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ташаккули мазмун ва меъёрҳои Конститутсия, анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ ва такмили низоми ҳуқуқии мамлакат, татбиқи амалии ҳадафҳо ва меъёрҳои Конститутсия, беандоза бузург арзёбӣ карда, хулоса намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаб­бускор, бунёдгузор, ҳомии қавӣ ва татбиқкунандаи амалии нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол мебошанд.

sah5-1Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳуснигул Одиназода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён низ зимни суханронии хеш саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти мамлакат, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  таъкид намуданд.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бо мақсади ба ҳадафҳои ниҳоии худ расидан кӯшиш ба харҷ медиҳад, дар ҷомеа шароите муҳайё созад, ки ҳар фарди он худро озод ҳис намояд, имкониятҳои воқеӣ дошта бошад, ки қобилиятҳои ҷисмонӣ, ақлӣ ва рӯҳии худро истифода бурда тавонад, — изҳор кард мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Алишер Азизӣ.

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода низ дар бораи  саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ, рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, таъмини волоияти қонун андешаҳояшро баён намуд.

- Риояи Конститутсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шарти муҳими пешрафти мамлакат мебошад ва эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои дар Тоҷикистон амалкунанда вазифаи ҳар яки мост, — изҳор намуд дар фарҷом Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ