Дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ва иваз намудани номи он ба Заҳматобод, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуда, номи он ба Заҳматобод иваз карда шавад.
2. Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон иваз карда шаванд:
- деҳаи Саъдуллои Шарифи деҳоти Гулистон ба деҳаи Шарифобод;
- деҳаи Рамазон Файзови деҳоти Тугарак ба деҳаи Боғи нав;
- деҳаи Ҳасан Қурбонови деҳоти Тугарак ба деҳаи Ҳасанобод;
- деҳаи Ҳамид Баротови деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ба деҳаи Ҳамидобод;
- деҳаи Арали деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Хушобак;
- деҳаи Туғайи деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Туғистон;
- деҳаи Элмурод Хоҷаеви деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Гулмайдон;
- деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Сурхдара;
- деҳаи Истиқлоли деҳоти ба номи Абдӣ Авазов ба деҳаи Дашти Боло;
- деҳаи Боронқули деҳоти ба номи Абдӣ Авазов ба деҳаи Боронкӯл.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 434