Муҳокимаи парламентӣ

Дастовардҳо назаррасанд, аммо камбудиҳо бояд бартараф шаванд

№133 (4716) 08.11.2023

DSC_2691Дуюми ноябри соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» дар 9 моҳи соли 2023» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»-ро дар 9 моҳи соли 2023 мавриди таҳлил қарор дода, аз ҷумла, изҳор дошт, ки вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Тибқи маълумоти пешакии оморӣ, ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ ба 89,9 млрд. сомонӣ ва ­суръати рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 8,2 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ — 7, 9, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 16,5, хизматрасонии пулакӣ — 5,5, мусофиркашонӣ — 9,8 ва гардиши савдо 12 фоиз афзуд.

-  Хароҷоти буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 28,6 млрд. сомонӣ (90,4 фоизи нақша)-ро ташкил дод. Таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра аксари нишондиҳандаҳои мак­роиқтисодӣ мусбатанд. Дар давраи мавриди назар иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот 101,6 фоиз таъмин ва ба буҷети давлатӣ 30,5 млрд. сомонӣ ворид гардида, барзиёдии воридоти маблағ нисбат ба нақша 485,3 млн. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, даромади ҷории буҷети давлатӣ ба 104,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет аз ин ҳисоб 21,3 млрд. сомонӣ ворид шуд. Воридот нисбат ба нақшаи пешбинишуда 867,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҳисоби 2 сарчашмаи воридот 147,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андоз аз фурӯш 1,4 млн. сомонӣ ва андоз барои захираҳои табиӣ 145,7 млн. сомонӣ иҷро нагардид. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳо барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 5,7 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 2,5 млрд. сомонӣ аз худ карда шудааст, — зикр кард номбурда.

Бино ба гуфти Маҳмадалӣ Қурбонзода, омӯзиш ва таҳлили иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли 2023 муайян кардааст, ки қисми даромади буҷет иҷро шуда бошад ҳам, ҳанӯз камбудиҳо дар ин самт ҷой доранд.

- Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ҳамасола ҷиҳати иҷрои тавсияҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳое, ки дар хулосаҳои мақомоти назоратии молиявӣ дарҷ гардидаанд, баъзе аз онҳо дар сатҳи зарурӣ ба назар гирифта нашудаанд, ки дар натиҷа камбудию норасоиҳои ҷойдошта сол аз сол такрор ёфта истодааст.

Маълумоти пешниҳодгардидаи мақомоти назорати молиявӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти аудити дохилӣ ва назорати дохили идоравии баъзе аз вазорату идораҳо дар сатҳи зарурӣ қарор надорад ва ин аст, ки ҳамасола маблағу воситаҳои давлатӣ, махсусан маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва самаранок истифода намешаванд. Аз ин рӯ, дар раванди таҳияи буҷети давлатӣ, бо мақсади иҷрои сифатноки қисми даромади буҷет бояд таҳлил гузаронида, ҳамаи манбаъҳои воқеии сарчашмаҳои андозӣ ба назар гирифта шаванд, — изҳор дошт Маҳмадалӣ Қурбонзода.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон изҳор дошт, ки сарфи назар аз вазъи ноустувори сиёсию молиявии ҷаҳонӣ, бо амалӣ гардидани тадбирҳои ислоҳотию зиддибуҳронӣ, инчунин, оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дар давраи мавриди назар устувории нишондиҳандаҳои  молиявӣ, макроиқтисодӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъмин гардид. Бино ба гуфти ӯ, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ дар сатҳи 101,6 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағ 30,5 млрд. сомониро ташкил дод. Даромади умумии буҷети давлатӣ ба 33,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 3,3 банди фоиз зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар сатҳи 104,7 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағ ба 6,6 млрд. сомонӣ баробар гардид.

- Ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ ба иқтисоди миллӣ ва идоракунии қарзи давлатӣ дар давраи зикршуда дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои кишвар тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоя­гузорӣ 5,7 млрд. сомонӣ, аз ҷумла 4 млрд. сомонӣ грант (70,8 фоиз) ва 1,7 млрд. сомонӣ (29,2 фоиз) қарз аз худ гардид.

Ҳамзамон, бо мақсади хизмат­расонии саривақтии қарзи беруна 212,3 млн. доллари амрикоӣ пардохт гардид, ки аз он пардохти қарзи асосӣ 139 млн. доллари амрикоӣ ва фоизи қарз 73,3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи қарзи дохилии давлатӣ, аз ҷумла аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ, векселҳои хазинадорӣ ва қарзи ҷалбгардидаи давлатӣ 603,7 млн. сомонӣ пардохт карда шуд, ки аз он қарзи асосӣ 568,1 млн. сомонӣ ва фоизи қарз 35,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ барои маблағгузории иловагии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷиҳати амалӣ намудани 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 284,7 млн. доллари амрикоӣ, 15 созишномаи нави қарзию грантӣ ба имзо расид.

Аз ҳаҷми умумии маблағи созишномаҳои ба имзорасида 263,1 млн. доллари амрикоӣ (92,4 фоиз)-и он грант, 21,6 млн. доллари амрикоӣ (7,6 фоиз) қарзи имтиёзнок мебошад. Яъне, меъёру талаботи дар стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муқарраршуда ва тавсияҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ вобаста ба андозаи қарзи давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пурра риоя шуда, идоракунии қарзи давлатӣ дар сатҳи бехавф қарор дорад, — зикр кард номбурда.

Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нозим Меликзода изҳор дошт, ки дар натиҷаи чораҳои тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидашуда, дар нуҳ моҳи соли 2023 иҷрои нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 106,2 дарсад таъмин гардид. Иҷрои нақша барои Раёсати андози андозсупорандагони калон дар ин давра, асосан аз ҳисоби ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶСК «Тоҷиктелеком», ЧДММ «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Ширкати металлургии «Анзоб», ҶСК «Талко Голд» ва ширкатҳои мобилӣ таъмин нашуда, дар натиҷа ба буҷет 349 миллион сомонӣ ворид нагардид. Сабабҳои асосии дар ин давра таъмин нагардидани иҷрои нақша аз ҳисоби ­субъектҳои номбурда чун солҳои ­қаблӣ таъмин нашудани иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои ин корхонаҳо, нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, бо фоидаи ночиз ҷамъбаст намудани фаъолият ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад. Ҳамзамон, дар давраи зикршуда иҷрои нақшаи андоз аз фурӯш 90,9 дарсад ва андоз барои захираҳои табиӣ 84,2 дарсад таъмин шуд.

- Бақияи қарзи андозҳо то якуми октябри соли 2023-юм 894,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба якуми январи соли 2023 — юм 166,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра нисбат ба 13,6 ҳазор андозсупорандаи қарздор қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маб­лағи 886,1 миллион сомонӣ қабул гардида, бо назар­дошти қарорҳои солҳои қаблӣ ба буҷет 812 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — зикр кард нотиқ.

Дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андоз­ҳо 994,1 миллион сомонӣ ошкор карда, ба буҷет бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 872 миллион сомонӣ ворид шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 303,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки ­назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иттилоъ дод, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ ба 5 096,9 миллиард доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 507,8 миллион доллар (9 фоиз) кам мебошад.

Аз ҳаҷми умумии гардиши мол 4 162,7 миллион доллар ба воридот ва 934,2 миллион доллар ба содирот рост омада, мутаносибан воридот 368,7 миллион доллар (10 фоиз) зиёд ва содирот 876,5 миллион доллар (48 дарсад) кам гардидааст. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 81,7 дарсад ва содирот бошад, 18,3 дарсадро ташкил медиҳад.

- Дар нуҳ моҳи соли 2023 нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ 5481,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, баъдан, бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо, нақшаи аниқшудаи пардохтҳои гумрукӣ 6246,8 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин давра ба буҷети давлатӣ 6722,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 1240,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ — иқтисодӣ бе тағйир мондани қурби арзи хориҷӣ нисбат ба қурби миёнасолонаи пешбинишуда ва дигар омилҳои таъсиррасон ба иқтисодиёти кишвар ва ҷаҳон Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд, — изҳор дошт номбурда.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2023 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 2 932,9 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 99,8  дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд — 103,2 фоиз, вилояти Хатлон — 100,9, ВМКБ — 93,3, шаҳри Душанбе — 97 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 96,6 фоиз таъмин гардид. Ҳамчунин, то якуми октябри соли 2023 бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 127,2 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 22,4 миллион сомонӣ ё 14,9 фоиз коҳиш ёфтааст.

- Барои маблағгузории саривақтии нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази агентӣ ҳамчун мусоидати молиявии дохилиидоравӣ (субвенсия) ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 418,9 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Новобаста аз он ки ҷамъоварии андози иҷтимоӣ ба зиммаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вогузор гардидааст, агентӣ ва сохторҳои он дар маҳалҳо дар самти ҷамъоварии андози иҷтимоӣ, пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои воқеии даромад ва пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамояд, — зикр кард Дилмурод Давлатзода.

Дар суханронии муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сулаймон Талбакзода оид ба раванди тафтишу санҷишҳои молиявӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиатҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри таъмини назорати истифодаи мақсадноки воситаҳои давлатӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ маълумот дода шуд. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар натиҷаи 206 тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд.

- Аз маблағҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ 18,1 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф 24,9 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 52,9 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,6 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 63,3 млн. сомонӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ 52,8 млн. сомониро ташкил медиҳанд. Зарарҳои молиявии нисбатан калон асосан зимни тафтиши Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» 60,7 млн. сомонӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 12,4 млн. сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус 5,5 млн. сомонӣ, Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» 5,1 млн. сомонӣ, ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Душанбе, Норак, Бохтар, Гулистон ва Истаравшан 4,1 млн. сомонӣ, зерсохтори Гвардияи миллӣ 3,9 млн. сомонӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2,8 млн. сомонӣ, Вазорати кишоварзӣ 2,6 млн. сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 2,5 млн. сомонӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо 2,2 млн. сомонӣ ошкор гардид. Ғайр аз ин, бо натиҷаи тафтиши 14 маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблаги 6,2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 5,6 млн. сомонии он барқарор карда шудааст, — зикр кард нотиқ.

Дар натиҷаи тафтиши ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 37,8 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 37 млн. сомонии (97,8 фоиз) он барқарор карда шуд. Аз маблағҳои ошкоршуда ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳри Душанбе 7,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров — 5,6, Спитамен — 3,7, Айнӣ — 3,2, Исмоили Сомонӣ — 2,5, Файзобод 2,3, Лахш — 2,2, Варзоб — 1,8, Абдураҳмони Ҷомӣ — 1,6, Дӯстӣ — 1,6, Қубодиён — 1,5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 1,3, Кӯҳистони Мастчоҳ — 1, Шуғнон 1 млн. сомонӣ ва ба Мурғоб 711,9 ҳазор сомонӣ рост меояд.

Дар охир вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои худ аз масъулин посух гирифта, пешниҳоду тавсияҳояшонро манзур намуданд.

Бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»,

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ