Суҳбати Шукурҷон Зуҳуров бо Ҳасани Рӯҳонӣ

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Эрон1

10 сентябри соли 2014  Раиси  Маҷлиси  намояндагони   Маҷлиси   Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии  Исломии  Эрон Ҷаноби  оқои Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров  Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳониро, ки бо як ҳайати баландмартаба ба кишвари мо ташриф овардааст, хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки: «Ин ташрифи аввалини Шумо ба сарзамини мост ва мо умед дорем, ки ин сафар ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, таассуроти  хуб  боқӣ  хоҳад  гузошт.

Мо огоҳ ҳастем, ки дар суҳбати хеле муфиди Шумо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд.

Имрӯзҳо Тоҷикистон 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки 9-уми сентябри соли 1991, баъд аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин давлате буд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992  аввалин шуда, Сафоратхонаи худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Аз ҳамон давра то имрӯз сафарҳои расмии чандинкаратаи ҳайатҳои баландпояи ду давлати ба ҳам дӯсту бародар, ҳамзабону ҳамдин ба кишварҳои ҳамдигар дар таҳкими муносибатҳои  гуногунсоҳаи тарафайн такони ҷиддӣ бахшиданд».

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки дар ин муддат беш аз 100 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамзабонро муайян месозанд. Ҳоло мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон беш аз 150 ширкату корхонаҳои муштараки эронию тоҷикӣ фаъолияти босамар бурда истодаанд.

Халқи Тоҷикистон дар ҳассостарин ва душвортарин лаҳзаҳо аз кумак ва дастгириҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бархӯрдор буд ва имрӯз низ шоҳиди идомаи иқдомоти  неки  ин  кишвари  бародар  аст.

Бунёди роҳи оҳани Эрон – Афғонистон — Тоҷикистон, роҳи мошингард ва хати интиқоли барқи Эрон — Афғонистон – Тоҷикистонро   яке  аз  иқдомҳои  барои  ҳар ду ҷониб нек ва муҳим мешуморем. Фикр мекунам, ки сохтмони хати лӯлаи интиқоли оби Тоҷикистон ба Эрон ва дар паҳлуи он гази Эрон ба Тоҷикистон барои ҳар ду кишвар аз пружаҳои хеле зарурӣ ва саривақтӣ хоҳад буд.

Имрӯз  бо иштироки Шумо яке аз пружаҳои муҳимтарини ҳамкории иқтисодии  Тоҷикистону Эрон — Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»  ба  кори  худ оғоз мебахшад. Мо, тоҷикистониён умед дорем, ки  Сангтӯда  оғози ҳамкориҳои бештари миёни ду кишвар дар соҳаи  сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ хоҳад шуд.

Мардуми мо аз ин гуна ҳамкориҳои судманд, ки ба рушду инкишофи иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, аз халқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва роҳбарияти муҳтарами он  сипосгузор  мебошад.

Тоҷику эронӣ рӯҳи ягонае ҳастанд, ки бо гузашти таърих байнашон фосилаи ҷуғрофӣ эҷод гардид. Ҳувияти таърихию фарҳангии мо ҷудонопазир аст. Устод Рӯдакиву Мавлавии Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнию Шайх Камоли Хуҷандӣ дар  баробари  Ҳаким Фирдавсӣ, Умари Хайём, Шайх Саъдию Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ  ҳамчун бузургони адабиёти ду кишвар муаррифӣ мегарданд.

Раиси  Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки муносибатҳои байнипарлумонии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солҳои охир хеле густариш ёфтааст. Дар давоми панҷ соли охири фаъолияти Маҷлиси намояндагон миёни ҳайатҳо ва шахсиятҳои воломақоми парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон чандин мулоқоту суҳбатҳо  баргузор  гардид. Аз ҷумла сафарҳои ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон ва ҳайатҳои баландпояи Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон  ба Тоҷикистон дар тақвият ёфтани равобити байнипарлумонии миёни ду кишвар нақши муҳим бозиданд.

Имрӯз дар парлумонҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ташкил  шудааст, ки  муваффақона  амал  менамоянд.

Мо умед бар он дорем, ки ин сафари Шумо дар таърихи равобити ду кишвари бародар, ҳамзабон ва ҳамдину ҳамфарҳанг як саҳифаи наверо боз мекунад. Ба муносибатҳои иқтисодӣ, техникӣ тиҷоратӣ ва фарҳангӣ  такони ҷиддие бахшида, онҳоро ба як сатҳи муносиби кишварҳои мо баланд мебардорад.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар навбати худ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро барои пазироии самимиаш изҳори сипос намуда, ба ӯ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

-Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон,- иброз намуд Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби оқои Ҳасани Рӯҳонӣ, таҳти сарварии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз марҳилаи душвориҳои гузариш ба сохти нави тараққиёт, ба даврони нави бунёдкорӣ ворид гардидааст. Ман хеле шодам, ки имрӯз дар Эрон ва Тоҷикистон барои тавсеа ва густариш додани робитаҳои ҳамаҷониба, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, шароиту заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Итминон дорам, ки миёни давлатҳо ва парлумонҳоямон бо истифода аз чунин шароити мусоид ҳамкориҳои бештаре амалӣ хоҳанд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби оқои Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), Созмони Конфронси Исломӣ (ОИК) ва рушди ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда,  ҳамкориҳои парлумонӣ, иқтисодию тиҷоратиро яке аз меҳварҳои асосии густариши муносибатҳои дуҷониба қаламдод намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода,  Маҳмадалӣ Ватанов,  Саиди Ёқубзод, Убайдулло Давлатов, Лутфулло Саидмуродов,  раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ иштирок намуданд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон