Таҷрибаи Сингапур дар самти мубориза бо коррупсия

№135 (4718) 13.11.2023

Яке аз мушкилиҳои ҷаҳони муосир зуҳуроти коррупсия ба ҳисоб рафта, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтаанд, зеро кишваре аз ин зуҳурот эмин нест ва коррупсия дар ҳар гуна сохти давлатдорӣ метавонад барои амалишавии барномаҳои муҳими давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт монеаҳо ба вуҷуд оварда, рушди давлат ва ҷомеаро боздорад.

Аз ин ҷост, ки ҳанӯз 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардида, 25-уми сентябри соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он имзо гузошт ва ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд. Яъне, метавон ифтихор намуд, ки кишвари мо дар ин самт нисбат ба кишварҳои ҳамсоя хеле пешсаф аст. Бо ташаббус ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти тадбирҳои зиддикоррупсионӣ ва густариши онҳо пас аз ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар мамлакат чанд қонун ва беш аз 20 санади меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардид, ки асос­ҳои ташкилию ҳуқуқии самтҳои гуногуни муқовимат бо коррупсияро муқаррар ва танзим менамоянд. Муҳимтарини онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (с.2005), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва се санади барномавӣ — «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 — 2012», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошанд. Соли 2008 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ниҳоде таъсис дода шуд, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини он рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионист.

26-уми апрели соли 2013 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуда буданд: «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад». Дар Паёми хеш аз 24-уми апрели соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад».

Тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар муқовимат бо коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Гарчанде масъулини агентӣ дар шаш моҳ барои ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо 822 вохӯрӣ гузаронида, 69 маротиба тавассути воситаҳои ахбори омма баромад карда, конференсия, машваратҳо ва нишастҳои матбуотӣ доир намудаанд, бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд.

Бархе аз беморон, ҳатто пас аз ташхиси бемориашон аз тарси талаби музди иловагӣ аз ҷониби баъзе аз духтурон аз табобат даст мекашанд. Падарони ҷавон пеш аз гирифтани тифли навзод аз таваллудхона ҳатман барои эҳтиёт маблағе ба ҷайб меандозанд.

Чӣ бояд кард, то ин ки кишвари мо рушду равнақи бештар дошта бошад?

Дар қисмати ҷанубу шарқи Осиё Сингапур — мамлакати хурде вуҷуд дорад, ки рушду тараққиёти он дар як давраи кӯтоҳи таърих ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст. Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи ин давлат дар самти мубориза бо амалҳои коррупсионӣ метавонад барои аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон манфиат оварад.

Таҷрибаи Сингапур дар самти мубориза бо коррупсия чӣ гуна аст? Дар ин мамлакат пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (с.1965) таҳти сарварии собиқ Сарвазири он Ли Куан Ю, ки ташаббускор, амаликунандаи ислоҳот ва муборизи асосии зиддикоррупсия буд, дар шароити басо махфӣ барномаи махсуси зиддикоррупсионӣ амалӣ гардид. Дар чаҳорчӯбаи барнома Бюрои тафтишоти амалҳои коррупсионӣ таъсис ва тӯли қариб дувуним сол дар бораи мансабдорони баландпояи давлатӣ маълумот ҷамъ оварда, мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шуданд. Пас аз анҷоми омӯзиш афродеро, ки дар ҷиноятҳои коррупсионӣ даст доштанашон ошкор гардид, сарфи назар аз мансабу мақом, мукофоту хизматҳо аз кор озод намуданд.

Аз паси ҳар як хизматчии давлатӣ тавассути агентиҳои мустақил назорати доимии аудиовизуалӣ ҷорӣ гардид. Гарчанд ин ҳолат нақзи ҳуқуқи инсон ва дахолат ба ҳаёти шахсии ӯст. Ба чунин эрод сингапуриҳо чунин ҷавоб медоданд: «Агар хоҳӣ, ки ҳаёти шахсиат аз дигарон пинҳон монад, ба хизмати давлатӣ нарав!» Имрӯз низ чунин рӯҳия боқист.

Ҳама гуна маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ (ба ҷуз хадамоти махсус ва иктишоф) барои тамоми ҷомеа дастрас гардида, музди маоши хизматчиёни давлатӣ хеле баланд бардошта шуд.

Тафтиши амалҳои коррупсионӣ ба таври авторитарӣ сурат мегирифт. Бюрои тафтиш ҳуқуқ дошт, сарфи назар аз мақому мансаб ва унвонҳои шахс ӯро боздошт ва кофтуков кунад, ҳисобҳои бонкиашро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Баробарии ҳама дар назди қонун таъмин карда мешуд. Барои гирифтани ҳатто як доллар ришва хизматчии давлатӣ ба таври хеле сахт муҷозот мешуд. Дар натиҷа, даҳҳо вазирону сарварони ширкатҳои бузурги давлатӣ, ки дар амалҳои коррупсионӣ гунаҳгор шудаанд, аз озодӣ маҳрум гардиданд. Имрӯз ҳам ин усули корбарӣ идома дошта, масъалаи мубориза бар зидди коррупсия ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат табдил ёфтааст.

Санади мазкур, пеш аз ҳама, такмили механизмҳои ташкилӣ — ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои зиддикоррупсиониро тақозо дошта, истифода аз таҷрибаи кишвари Сингапур низ зарур дониста шудааст. Иҷрои талаботи стратегия ба он мусоидат кард, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар раддабандии Ташкилоти ғайридавлатии «Transparency International» дар масъалаи амалӣ намудани тадбирҳо барои самаранокии мубориза бар зидди коррупсия дар байни се сол (2018-2020) 12 зина боло рафтааст.

Усулҳои сингапурӣ имкон медиҳанд, ки рафъи ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ дар асоси амалҳои воқеии сектори шахсӣ ва мақомоти давлатӣ дар соҳаҳои молия ва иқтисодиёт, ҷорӣ намудани стандартҳо дар самтҳои мазкур баррасӣ гардида, бо истифода аз таҷрибаи Сингапур дар Мактаби сиёсати давлатии ба номи Ли Куан Ю дар дилхоҳ кишвар курсҳои омодагии махсус, курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат барои хизматчиёни давлатӣ ташкил карда шаванд.

Меандешем, ки омӯзиши таҷрибаи Сингапур дар ин самт барои кишвари мо низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»