10-уми ноябри соли 2023 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон Леонид Калашников ҷаласаи васеи якҷоя бо иштироки вакилони кумитаҳои зикршуда баргузор гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласа «Баррасии масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия», «Дар бораи ҳолат, дурнамо ва таъмини қонунгузории ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия», «Дар бораи фаъол намудани фаъолияти пурсамари гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Россия, аз ҷумла Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дурнамои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, масъалаҳои сиёсати ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва табодули таҷриба дар чаҳорчӯбаи ҷанбаи парлумонӣ» ва «Мубодилаи афкор оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки мулоқоти имрӯза як рӯйдоди таърихӣ, далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Россия ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ буда, бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунанд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки бо назардошти аҳамияти таҳкими робитаҳои дуҷониба ва муайян кардани самтҳои нави ояндадори ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, ки шарики стратегии мост, парлумони кишвар, бахусус Маҷлиси намояндагон, минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххасу пайваста меандешад.
Мо, инчунин, метавонем корро дар самти ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, бахусус дар заминаи равандҳои ҳамгироӣ, идома диҳем ва мувофиқан имкони ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ барои такмили қонунгузории намунавӣ пурратар истифода кунем.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Н. АЛИЕВ