14-уми ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,
Дар робита ба даргузашти бармаҳали бародаратон Булат Назарбаев таъзияву таслияти амиқи маро қабул фармоед.
Дар ин лаҳзаҳои барои Шумо ғамангез ба Шумо ва пайвандонатон ҳамдардӣ ва дастгирии инҷонибро иброз менамоям. Бо изҳори ғамшарикӣ дар ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон сабри ҷамил ва шикебоӣ хоҳонам».