№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай 12 сентябри соли 2014 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор шуд.

 шос1

Шаҳри Душанбе, бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба пойтахти Тоҷикистон роҳбарони давлатҳое ташриф оварданд, ки дар онҳо беш аз нисфи аҳолии кураи замин зиндагӣ доранд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш дар пойтахти Тоҷикистон сарони ҳамаи 6 давлати аъзои созмон-Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Президенти давлати мизбон- Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд. Ба онҳо роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои нозири созмон ва меҳмонони олимақоми дигар, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ ва мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба масоили сиёсию амниятӣ Сартоҷ Азиз ҳамроҳ шуданд. Дар кори ҳамоиш ҳамчунин намояндагони воломақом аз созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва роҳбарони сохторҳои кории Созмони Ҳамкории Шанхай иштироки фаъол доштанд. Ҳамоиши мазкур дар бинои тозабунёди Кохи Наврӯз, ки ба як муъҷизаи санъати меъморӣ ва ороишии мардуми тамаддунофари тоҷик табдил ёфтааст, баргузор гардид. Дар ин бинои муҳташам, ки бо зеботарин усулҳои меъмории бостонию муосир ва ороишоти дилошӯб, ба мисли кандакории нақшу нигори назаррабо дар рӯйи чӯб, гач, санг, шиша ва ҳам ойина сохташуда оро ёфтааст, тамоми шароити зарурӣ барои баргузор намудани чунин ҳамоишҳои бузург ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ муҳайё мебошад.

Ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай бо истиқболи меҳмонони воломақом аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори «Дидор»-и Кохи Наврӯз оғоз ёфт.

Роҳбарони давлатҳо бо тартиби зайл ташриф оварданд:

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев;

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин;

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев;

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов;

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин.

Қабл аз оғози ҷаласаи теъдоди маҳдуд сарони 6 давлати аъзои созмон дар тарафи дигари ҳамин толор акси хотиравӣ гирифтанд.

Ҷаласаи теъдоди маҳдуд, ки дар он танҳо сарони 6 давлати аъзои созмон иштирок доштанд, дар толори «Аржанг» баргузор шуд. Ин толор бо сутунҳои сангин ва нақшу нигори болои сангҳои гуногуни нимқиматбаҳо ва ороишӣ, ба мисли лоҷувард, оникс, офит, хоро, мармар ва ғайра оро ёфта, хеле зебою назаррабо аст. Дар сохтмон ва ороиши ин толор аз 29 намуд сангҳои нимқимату ороишии Тоҷикистон истифода шудааст.

Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд.

Роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои нозири созмон ва меҳмонони олимақоми дигар пеш аз оғози ҷаласаи ҳайатҳои васеъ ташриф оварданд. Онҳоро низ дар толори мунаққаши «Дидор» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт. Ташрифи онон ба чунин тартиб сурат гирифт:

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай;

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ;

Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж;

Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шудааст;

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ;

Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Сартоҷ Азиз.

Қабл аз ҷаласаи теъдоди васеъ аксгирии умумии сарони давлатҳои аъзою нозир ва меҳмонони воломақом баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ, ки чун ҷаласаи қаблӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, нахуст Роҳбари кишвари мизбон ва сарони дигар давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай – Нурсултон Назарбоев, Си Сзинпин, Алмазбек Атамбоев, Владимир Путин ва Ислом Каримов суханронӣ намуданд.

Ин ҷаласа дар толори бузурги сафед бо номи «Зарандуд», ки баландиаш то маркази гумбаз 36 метр аст ва бо гачкорӣ дар рӯйи ойина оро ёфтааст, ҷараён гирифт.

Пас аз ҳисоботи Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай ва роҳбари Маркази минтақавии зиддитеррористии ин созмон сарони 3 давлати нозир — Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж сухан гуфтанд.

Сипас, ба ҳайси меҳмони фахрӣ Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов ва дар фароварди ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Сартоҷ Азиз ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид андешаҳои худро баён доштанд.

Дар интиҳои ҳамоиш Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025, ҷашнгирии 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, созишномаи байниҳукуматии давлатҳои аъзо доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва дигар санадҳо ба имзо расиданд.

Санадҳое, ки дар ин ҳамоиш мувофиқа шуда, ба имзо расиданд, аз ҷумла қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв барои қабули аъзои нав ба Созмони Ҳамкории Шанхай роҳ мекушоянд. Ҳамин тариқ, ҳамоиши Душанбегии ин созмони дорои нуфузи ҷаҳонӣ барои аъзои ояндаи он роҳкушо шуд.

Ин аст, ки зимни изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳайси Роҳбари давлати раисикунанда дар Созмони Ҳамкории Шанхай сухан гуфт, ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши Душанбе пурарзиш ва таърихӣ номида шуд.

www.president.tj