Ба халқе, ки некӣ писандад Худой,
Диҳад хусраве оқилу некрой.
Таърихи миллат бо зуҳури шахсиятҳо, симоҳои абарқудрати миллӣ оғоз мешавад, зеро маҳз шахсиятҳою симоҳо рисолати таърихсозӣ доранд ва онҳо таърихи миллатро месозанд. Ин аст, ки ҷаҳону ҷаҳониён миллатро, пеш аз ҳама, бо симоҳои абарқудраташ мешиносанд ва абарқудратҳо ба оламиён тавъам бо худ халқу миллати хешро низ муаррифӣ мекунанд.
Зуҳури чунин шахсиятҳои барҷастаи таърихсоз, ба ин ё он ҳодисаҳои бузурги таърихӣ ва ё санаҳои сарнавиштсози миллату давлат тавъам мебошанд. Агар Истиқлолияти давлатӣ, ки санаи 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардид, волотарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли ҳазор соли охир маҳсуб ёбад, дастоварди муҳимтарин ва тақдирсози он дар таърихи нави давлатдории миллӣ ин аз ҷониби вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), ки ҷаласаи он дар шароити басо душвори иҷтимоию сиёсӣ, фалаҷгардии рукнҳои давлатдорӣ ва авҷи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ баргузор гардида буд, интихоб гардидани фарзонафарзанди миллати тамаддунофари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Интихоб гардидани роҳбари ҷавон, ки ғаюрию қавииродагӣ, шуҷоату мардонагӣ, хирадмандию ояндасозӣ дар ниҳоди ӯ шуъла мезад, эътимоду эътиқод ва боварии мардуми тоҷикро ба ояндаи неку дурахшон пайдо намуд.
Ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи ҳассостарини таърихи миллат рост омад, замоне буд, ки Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дошту бенизомию бесуботӣ дар ҳар як гӯшаю канори кишвар ба чашм мерасид ва Ватани маҳбуби мо дар буҳрони шадиди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардида буд.
Бо дарки масъулияти баланди таърихӣ дар назди ҳар як сокини Тоҷикистон, тақдири ояндаи миллати тоҷик ва давлатдории он Сарвари давлат, ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ бо ҳисси волои миллӣ, бо такя ба хиради азалӣ ва пуштибонии мардуми Тоҷикистон, тамоми донишу малака, қувваю неруи худро, пеш аз ҳама, барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии Тоҷикистон ва хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ равона сохта, барои мустаҳкам намудани аркони давлатдорӣ камар бастанд.
Яке аз иқдомоти аввалини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз роҳбари худодод ва дурандешу хирадманд буданашон дарак дод, муроҷиат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992 ба халқи шарифи Тоҷикистон мебошад. Дар тӯли камтар аз як моҳ таҳия намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои неку созанда ва бунёдкорона, ба инобат гирифтани манфиати тамоми кишрҳои ҷомеа ва дарки амиқи вазъият аз ҷониби Сарвари давлат ва манзур намудани он ба ҳайси муроҷиатнома на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳониён аз хиради воло, ҳисси баланди ватандорӣ, қобилияти фавқулодаи давлатсозӣ ва иродаи мустаҳками Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ шуданд. Ин муроҷиатномаро метавон ҳамчун як барномаи мукаммали рушди давлатдорӣ ва давлатсозӣ, раванди баромадан аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ эътироф намуд. Агар ҳар яке аз мо воқеъбинонаю холисона нахустин муроҷиатномаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди таҳлил қарор диҳем, бебаҳс ба хулосае меоем, ки воқеан Худованд Сарвареро ба миллати мо насиб донист, ки аз пуштибонии Ӯ бархӯрдор мебошад, зеро ҳар як банди ин муроҷиатнома, ки амалисозии он, пеш аз ҳама, ба дӯши Пешвои миллат вогузор шуда буд, дар замони эълони он амалинашавандаеро мемонд.
Дар ин радиф метавон аз барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ва таъмин намудани кори пурмасъулияти онҳо, инчунин барқарор намудани сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуд. Маҳз, тавассути амалисозии ин нуқтаи муроҷиатнома, ки аз талошу пайгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медод, давлати миллии мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт.
Ноил шудан ба ин ҳадафҳо ҷавонмардию ҷоннисориро талаб менамуд, ки на ҳама ба он қодир ва омода буданд, вале Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини роҳбарӣ омода будани худро ба ҷоннисорӣ ба хотири ояндаи дурахшони Ватан иброз намуда, бо нияти нек, ҷасурона ва бо азми қавӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои созандаи хеш қадам ниҳоданд.
Бо назардошти фалаҷ гаштани фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла бархе аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, масъалаи таъсис ва эҳёи низоми мукаммал ва аркони давлатдорӣ ва ниҳодҳои он ба миён омада буд. Новобаста аз холӣ будани хазинаи давлат, ки маблағгузориро тақозо менамуд, Пешвои миллат тавонистанд, мақомоти давлатиро барқарор намуда, ниҳодҳои фалаҷшударо эҳё намоянд. Дар ин самт метавон аз таъсиси Артиши миллӣ, мақомоти судӣ, парлумони касбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ва ғайра ёдовар шуд, ки барои ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, якпорчагии Тоҷикистони азиз фаъолияти пурсамар доранд.
Маҳз, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва роҳандозӣ намудани механизми давлат тавонист шароити мусоидро ба фаъолияти муназзами аркони давлатдорӣ таъмин намояд. Дар доираи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва низоми «тавозун ва нигоҳдошт» бунёд намудани низоми комили давлатдорӣ боиси таъмини суботи сиёсӣ ва оромӣ дар кишвар гардид, ки он аз малакаи баланди давлатсозӣ шаҳодат медиҳад.
Новобаста аз вазъияти ноороми дохилӣ ва беруна, аз ҷумла дар давлати Афғонистон, бо шарофати иродаи мустаҳками Пешвои миллат барои баргардонидани беш аз як миллион гурезаҳо ба манзилҳои худ, таъмини онҳо бо хӯрокворию сарулибос, таъмини бехатарии онҳо пайваста ва муттасил чораҳои судманд андешида шуданд, ки дар он замон анҷом додани чунин масъулият ғайриимкон буд. Хушбахтона, дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ ин нияти нек, корнамоии бемислу беҳамтои Пешвои миллат амалӣ гардид.
Пешвои миллат, ки амиқан ҷонибдори дар доираи меъёрҳои қонун фаъолият намудани тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва мардум буданд, зарурияти роҳандозӣ ва амалисозии ислоҳоти ҳуқуқӣ, аз ҷумла ислоҳоти конститутсиониро бо ба назар гирифтани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба хубӣ дарк намуда, ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани худро изҳор намуданд. Маҳз, ин дидгоҳ ва мавқеи Пешвои миллат маҳаки муайянкунандаи самти ояндаи рушди давлатдории муосири Тоҷикистон гардида, минбаъд дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардид. Пешвои миллат ҳамчун роҳбари Комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуданд, ки бо назардошти дастовардҳои ҳуқуқи башар андеша ва мавқеи инсондӯстонаи худро ҳамчун ҷавҳари асосии давлатдорӣ дар меъёрҳои Конститутсия ифода намуда, ба мардум манзур созанд. Қайд намудан бамаврид аст, ки Пешвои миллат зимни фаъолияти комиссияи мазкур таваҷҷуҳи худро ба он таклифу пешниҳодҳое равона менамуданд, ки онҳо ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ ва пешрафти ҷомеа бошанд. Чунин муносибати ҷиддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба лоиҳаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсозу бунёдӣ буд, ки он аз ҷониби мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсӣ қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳу субот, ба даст омадани ваҳдати миллии сартосарӣ, ташаккули падидаҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд нақши муассир гузошт.
Дар ин радиф, месазад, ки аз дигар корномаи ҷовидонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намоянд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангии ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созанд. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон расонид, ки ибтидои он, маҳз аз фалсафаи ваҳдатофаринии Пешвои миллат зимни савгандёдкунии эшон дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Раванди ноил шудан ба ризоияти миллӣ басо душвор ва пурпечутоб буд, ки марбут ба раванди он тавассути воситаҳои ахбори омма иттилои бештарро метавон пайдо намуд. Дар ин давра маҳз самимияти баланди инсонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобилияти баланди ташкилотчигии худодод ва дурандешии эшон, боло гузоштани манфиатҳои миллӣ аз ҳама гуна дигар арзишҳо, нигоҳдошт, таъмин ва ҳифзии якпорчагии Ватани маҳбуб боис гардид, ки ин созишнома ба тасвиб расад. Метавон иброз намуд, ки оғоз ва ибтидои раванди барқарорсозӣ ва ободкориҳои кишвар, осудагии мардум ва саодату пешрафти Ватан бо ин санади тақдирсоз тавъам мебошад.
Муҳимтар аз ҳама, дар давраи ниҳоят ҳассосе, ки мардуми кишвар пас аз итмоми даргириҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо он рӯ ба рӯ гардид, ин таъмини аҳолии кишвар бо озуқа буд. Ба хотири дастгирии мардуми кишвар ва таъмини онҳо ба озуқа тасмим ва ташаббуси инсондӯстона, мардумпарварона ва саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тақсим намудани 75 ҳазор гектар замин ба аҳолии деҳот боис гардид, ки мардуми кишвар, алалхусус мардуми деҳот, ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ нагашта, бо озуқа таъмин шаванд. Чунин тасмими оқилона боиси давра ба давра коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии мардум низ гардид. Чунин ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатҳои пасошӯравӣ беназир мебошад.
Дар хусуси фаъолияти гуногунҷанбаи густурда, муваффақ ва созандаи Пешвои миллат бо итминони комил метавон қайд намуд, ки таълифи садҳо асар наметавонад тамоми паҳлуҳои фаъолияти эшонро марбут ба давлатсозию давлатдорӣ, фаъолияти муваффақи байналмилалӣ, ободкорию созандагӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллати тоҷик, пуштибонӣ аз арзишҳои динӣ ва миллӣ, бунёди иншооти беназир ва ғайра ифода намояд.
Дар робита ба муқаррар гардидани 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон гуфт, ки ин санаи рамзӣ ба хотири эҳтироми хизматҳои беназири таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати фарҳангсолору тамаддунсози тоҷик буда, месазад, ки ҳама рӯзи солро бо эътиқоду арҷгузорӣ ба фаъолияти густурда ва муваффақи шабонарӯзии Президенти маҳбуби мардумӣ, ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуда, дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи эшон сарҷамъ бошем ва бо масъулияти том барои пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон содиқонаю софдилона меҳнат намоем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистонӣ муборак бод!
Абдуғаффор ҒАФУРИЁН, прокурори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1,
Хайрулло МИРЗАМОНЗОДА, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор