Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатии мамлакат мавқеи махсус ва ҳалкунанда дорад, зеро мувофиқи моддаи 64-уми Конститутсияи мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тамоми тадбирҳоро меандешанд. Аз ҷумла, ҳар сол дар паёмҳояшон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, оид ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайваста таъкид месозанд ва барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таклифу пешниҳодҳои судманди қонунгузорӣ манзур менамоянд. Ҳамчунин, мувофиқи моддаҳои 58 ва 59-и Конститутсияи мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Мувофиқи моддаи 18-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад ва ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.
Дар алоқамандӣ ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 30-юми апрели соли 2004 махсус иброз доштанд, ки дар тӯли таърихи башар масъалаи эътироф, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои демократӣ қарор дошт. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст. Бо назардошти ин меъёри умумибашарӣ соли 2003 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки он ба меъёрҳои башардӯстӣ асос ёфтааст. Муҳимтарин тағйирот дар ин самт аз он иборат аст, ки татбиқи ҷазои қатл дар кишвари мо қатъиян маҳдуд карда шудааст. Агар мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми августи соли 1961, ки то соли 1998 амал мекард, дар 44 маврид ва тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми майи соли 1998 дар 15 маврид ҷазои қатл пешбинӣ шуда бошад, пас тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2003 ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуданд, ин намуди ҷазо танҳо дар панҷ маврид пешбинӣ гардид.
Дар Паёми зикргардида таъкид ба амал оварда шуд, ки маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хеле назаррас аст, аммо нисбат ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона сурат гирад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хоса дорад. Воқеан, ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад касеро аз он маҳрум созад. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон карда шавад ва дастур доданд, ки бо мақсади таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар муҳлати кӯтоҳ санадҳои зарурӣ таҳия гарданд.
Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар ҳамин Паём зикршуда лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» таҳия гардида, 7-уми майи соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонуни мазкурро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар натиҷа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулу ҷонибдорӣ шуда, 15-уми июли соли 2004 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид.
Қонуни мазкур аз 2 модда иборат буда, мувофиқи моддаи 1-уми он татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, инчунин иҷрои ҷазои қатл ва дигар қоидаҳои вобаста ба он, ки дар моддаҳои 19, 21, 23, 25, 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, боздошта шуда, дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол муайян гардид.
Хотирнишон бояд сохт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, маҳз бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ зиёда аз 18 маротиба қонун дар бораи авф қабул шуда, дар асоси онҳо зиёда аз сад ҳазор шахсоне, ки кирдорҳои ҷиноятӣ содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуда, ба ҳаёти осуда баргаштанд. Ҳамчунин, 30-юми октябри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви фаъоли санадҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва ғайра буда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои амалӣ меандешад. Зимнан, 22-юми марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид барои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон имзо гузоштанд. Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 13-уми декабри соли 2006 қабул гардида, 3-юми майи соли 2008 баъд аз ҷониби 20 давлати дунё тарафдорӣ ёфтан эътибори қонунӣ пайдо намуд. То моҳи октябри соли 2023 -юм 188 кишвари олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии конвенсияи мазкур мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Чунончи, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ниҳодҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият доранд, ки онҳо дар таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар кишвар нақши муҳимро ифо менамоянд.
Инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20-уми марти соли 2008), «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» (аз 18-уми марти соли 2015), «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (аз 1-уми марти соли 2005), «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (аз 19-уми марти соли 2013), «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (аз 19-уми июли соли 2022) ва ғайра қабул шудаанд.
Илова бар ин, дар мамлакат як қатор ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти ҳуқуқи инсон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ки «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2023» (аз 3-юми майи соли 2014), «Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 2-юми июли соли 2015), «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» (аз 27-уми ноябри соли 2019), «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» (аз 30-юми июли соли 2020), «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» (аз 30-юми июли соли 2021), «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027» (аз 30-юми июни соли 2023) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2023 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» тасдиқ карда шуд, ки ин иқдоми навбатии Ҳукумати кишвар дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат ба шумор меравад. Стратегияи зикршуда тамоми нақшаҳои миллии мавҷуда марбут ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум намуда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил мебахшад.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бениҳоят муҳим мебошад, зеро сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат ҷиҳати эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар равона шудааст.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ