Сарвари дилсӯзу адолатхоҳ

№136-137(4719-4720) 15.11.2023

Боиси фараҳу нишот аст, ки ҳар сол мардуми тоҷик бо ифтихору сарбаландӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар мамлакат ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд дорад, таҷлил менамоянд. Маҳз, ба азму талош ва ранҷу заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ин сарзамин хурраму обод гашт. Фарзонамарди миллат чун фариштаи осмонӣ ба замин фуруд омада, барои халқи ҷафодидаю азияткашидаи хеш сулҳ оварда, рӯзи нек фароҳам сохта, давлат бунёд кард ва ободию бунёдкориҳо намуд.

Насли синну солашон ба ҷое расида то ҳанӯз он солҳои сангину душвор, он айёми пур аз ҳаводиси нангину даҳшатборро ба гӯшаи фаромӯшӣ набурдаанд. Он замон боди наҳсе вазида, фарзандони як миллат, мардуми як меҳан ва ҷигаргӯшаҳои як падару модарро зидди ҳам барангехт, ки ҳамагон хуб дар хотир доранд.

Он айём мухолифин дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа муҷаҳҳаз бо яроқу аслиҳа, таҳдиду зӯровариҳо карда, зидди қувваҳои ҳукуматӣ муқобилияти сахт нишон медоданд ва ҳар рӯз чандин нафар одамони бегуноҳ аз ҳисоби ҷавонон, ки барои ҳифзи Ватан, ҳимояи ҳукумати қонунию конститутсионӣ, нангу номуси миллат бархоста буданд, гурӯҳҳои мухолифин онҳоро асир гирифта, бо ранҷу азияти бераҳмона ба қатл мерасониданд. Мардуми бегуноҳи он минтақаҳо ба душвориҳои ниҳоят вазнин мувоҷеҳ гашта, аз ғояти қаҳтию гуруснагӣ зумрае аз кӯдакону беморон ва пиронсолон ҷон мебохтанд, дар баъзе аз хонадон донаи ҷуворимаккаю ҷорӯб, ҷаву кунҷолаю баъзе навъи зироатҳои донагиро орд карда, нон пухта мехӯрданд, ки дар натиҷа ба бемориҳои гуногун мубтало гардиданд.

Он айём нафаре лозим буд, ки худро миёни оташи ҷангу низоъ афканда, ба ин нобасомонию ноадолатиҳо хотима бахшад ва ин ҷавонмарди ғаюру ҷонфидо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон буданд. Фарзанди фарзонамарди миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба он қавлу ваъдаҳояшон, ки аз минбари баланди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буданд, куллан вафо намуданд. Яъне, бо кӯшишу талошҳои ҷасуронаю оқилонаи Пешвои миллат, хиради азалии мардуми тоҷик ва далерию қаҳрамонии даҳҳо ҳазор нафар фарзандони ҷоннисору шуҷои миллат дар як муддати хеле кӯтоҳ ҷанги дохилии таҳмилӣ дар ҷумҳурии мо хотима ёфт. Барои хомӯш сохтани оташи ҷанг, барқарор сохтани сулҳу салоҳ, баргардонидани гурезагон, пойдории ваҳдати миллӣ, таҳкими поя­ҳои истиқлолияти давлатӣ қабл аз ҳама, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.

Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳам, мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта, кишварамон соҳиби Парчами давлатӣ, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Бо шарофати заҳмату кӯшишҳои фарзонамарди миллат пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ мустаҳкам гардида, рушду тараққӣ намуд. Маҳз, бо заҳматҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 — уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид.

Тоҷикистон ба узвияти ташкилоту созмонҳои бузургу бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд. Бо ташаббусу ибтикороти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият барқарор гашта, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз нав таъсис ёфта, баҳри эъмори ҷомеаи навини мамлакат заминаи устувору боэътимод гузошта шуд. Дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардонида шуда, бо аксари давлатҳои тараққикардаи дунё алоқаю робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ барқарор гардид. Туфайли тадбирҳои оқилонаю хирадмандонаи фарзонамарди миллат кулли он вайронаю харобкориҳо бартараф гардида, иморату иншооти беназир, неругоҳҳо, нақбҳои азим, шоҳроҳҳои бузург ба вуҷуд омаданд ва барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаю канори мамлакат ба кишварҳои хориҷӣ шоҳроҳҳои муосири мошингард сохта шуданд. Ин аст, ки хидматҳои шоистаю арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра эътироф гардиданд ва Роҳбари давлат бо унвону нишонҳои олии ватанӣ, ташкилоту созмонҳои гуногун ва давлатҳои мухталифи дунё сарфароз гардиданд.

Имрӯз дар кишвари азизамон — Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор аст ва мо аз пойдории сулҳу субот бояд шукрона кунем.

Заҳмату хизматҳои арзандаю шоистаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш шавад, балки аз он ҳамеша ифтихор намуд ва ёдовар шуда, онро ба насли ояндаи миллат ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб намоем.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»