Минтақаҳо рушд меёбанд

«Шири кӯҳистон» — корхонаи нав

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Як сол боз дар шаҳри Хоруғ Корхонаи хурди «Шири кӯҳистон» фаъолият дорад,  ки аҳолии шаҳрро бо маҳсулоти шири хушсифат таъмин менамояд. Корхонаи мазкур, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бахши хусусӣ таъсис ёфтааст, айни замон ба маблағи  800 ҳазору 500 сомонӣ маҳсулоти гуногуни ширӣ истеҳсол намудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад. Маҳсулоти корхона ҳарчанд тибқи талаботи технологияи муосир истеҳсол шавад ҳам,  ба хотири беҳдошт ва солимии аҳолӣ, сатҳу сифати он таҳти назорати мутахассисони озмоишгоҳ  қарор дорад. Бо мақсади афзун намудани иқтидори истеҳсолии корхона ва ҳар  чӣ бештар  ҷалб намудани мизоҷон мутахассисон ният доранд, ки номгӯйи маҳсулотро бештар намоянд. Ёқуббек Шамшеров — сардори Корхонаи  хурди «Шири кӯҳистон» иброз дошт, ки ҳоло дар корхона қариб 50 нафар соҳиби ҷойи  кор шудаанд. Оянда шумораи онҳо боз 20 нафар зиёд мегардад. Корхонаи хурди «Шири кӯҳистон» ҳамкориро бо хоҷагиҳои чорводорӣ ва аҳолии маҳаллӣ, ширкатҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд тибқи шартнома ба роҳ мондааст. Ҳоло роҳбарияти корхона  ният дорад, ки боз як корхонаи дигарро барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ таъсис дода, ба ин васила аҳолии маҳаллӣ, бахусус занону духтарони хонашинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд. Лозим ба ёдоварист, ки сол  то сол дар асоси барномаҳои давлатӣ ва ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дар шаҳри Хоруғ  бунёди корхонаҳо  рӯ ба афзоиш ниҳода, иқтидори истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар гардида истодааст. Аз ин ҷост, ки  танҳо дар ду моҳи охир дар маркази вилоят ба маблағи зиёда аз 3 миллиону 213 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар маҷмӯъ, корхонаҳои саноатии вилоят бо истифода аз технологияи замонавӣ ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 34 миллиону 22 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2013-ум 17,1 фоиз зиёд мебошад.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»