Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон

№138-141(4721-4724) 17.11.2023

DSC_3799Шонздаҳуми ноябри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронии ифтитоҳӣ иброз намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар, маҳз аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Дастоварди муҳиму беназири иҷлосияи мазкур интихоб намудани роҳбарияти нави сиёсии мамлакат таҳти сарварии шахсияти далеру шуҷоъ ва сарсупурдаи Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба шарофати ҳидоят ва роҳнамоию ҷоннисориҳои бевоситаи Ӯ мо ба ҳаёти осоиштаю созандагӣ расидем.

- Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқӣ, бунёди роҳу нақбҳо, бедору баланд гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус доранд, ки дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, тавсия ва ҳидоятҳои ин Абармарди нотакрор ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ҳазорсолаҳо хизмат хоҳад кард, — иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода зикр намуд, ки барои расидан ба вазифаҳои баланди давлатӣ аксари давлатмардон мактабҳои олии сиёсию академияҳои дипломатиро хатм мекарданд ва муҳимтар аз ҳама, таҷрибаи ғании кори роҳбарӣ меандӯхтанд, аммо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вақте ки соли 1992 Раиси Шӯрои Олӣ ва баъди ду соли дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, ин марҳилаҳоро тай накарда буданд. Бо вуҷуди ин, таърих бори амонати нигаҳдории давлати навтаъсиси тоҷиконро бар дӯши ин ҷавонмарди ориёиталъат вогузор намуд, то хиради аҷдодиро ба озмоиш бинишонад ва нишон диҳад, ки хирадмандӣ ҳунарест ба маротиб волотар аз он чӣ, ки дар донишгоҳҳо ва академияҳои маъруф фаро гирифта мешавад. Ин Абармарди хирадпеша ҳунармандона аз ин санҷиши таърихӣ гузашт ва Тоҷикистонро ба сарманзили оштӣ ва ваҳдати миллӣ расонид.

Дар ҳақиқат, дар таърихи миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик марде аз табори хираду андеша бо шуҷоати тамом ва бо нияти хайру хидматгузорона ба по хест, то дар ҳимоя бо соири ватанпарастони дигаре аз ҳамин табор дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат нақши мондагор ва абадии хешро гузорад. Ин Абармарди сиёсатмадор, марди хираду андеша Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаротар аз эҳтиром гузоштан ба ин мансаби олӣ буда, ҳамчун иди миллӣ ва санаи муҳими таърихи миллат ҷашн гирифта мешавад. Чунин арҷ гузоштани мардум ба ин сана мазмуни хос дорад ва он аз арзишҳои меҳварии ҳамин сана бармеояд. Пешвои миллат вақте зимоми давлатдориро ба даст гирифт, кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Дар он лаҳзаҳо Роҳбари давлат фақат як мақсад дошт: ҳар чӣ зудтар хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, раҳоии давлат аз вартаи нобудӣ ва ба ҳам овардани миллати пароканда.

- Он замон ягонагии сарзамини Тоҷикистон зери хатари ҷиддӣ қарор дошт. Нақшаҳои тақсими давлат аз ҷониби баъзе сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ бо дастури нишондодҳои хоҷагони хориҷиашон тарҳрезӣ шуда буданд. Хушбахтона, ба шарофати иродаи қавии Сарвари давлат ин хатарҳо бартараф гардида, миллат муттаҳид ва ягонагии Тоҷикис­тон таъмин карда шуд. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ соҳиби сохтори мукаммали идорӣ, ҳукумати ҷадид, парлумони касбӣ, Артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ ва дигар рукну абзорҳои зарурии давлатдорӣ гашт, — ёдовар шуд Рустам Латифзода.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, номзади илмҳои таърих Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки маҳбубтарин шахсият дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо – дӯстдори хурду бузург, пиру барно, мардуми бурунмарзию бумӣ, воқеан як нафари арзандаю шоиста, хуршедсимою бовиқор, сарбаланду ҷавонмард ва хирадманду дурандеш — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон мебошанд ва инро миллионҳо нафар одамони касбу кори гуногун бо шодмонӣ тасдиқ менамоянд, зеро таърих бо воқеаҳои сарнавиштсози худ собит намуд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба маснади Президенти мамлакат як падидаи барҷастаи ояндасоз мебошад. Пешрафтҳои азиме, ки дар ин марҳила дар кишвари соҳибистиқлоламон ба вуҷуд омадаанд, ба сират ва неруи созандаи Сарвари хирадманду тавоно пайванд мегирад.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Фазлиддин Икромӣ дар хусуси корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ ва хулосаҳои коршиносон ёдовар шуда, зикр намуд,ки хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз, тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат, ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ, иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ (глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ, таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихию фарҳангӣ, поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ ва ғайра аз фаъолияти пурсамар ва назарраси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳанд.

- Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг ва дорои таърихи куҳан ва миллати тоҷикро тавассути ташаббусҳо ва хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун миллати эҷодкору созанда мешиносанд. Дар шароити кунунӣ ташаббусҳои Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуд. Маҳз, бо ташаббусҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар тӯли асрҳо ваҳдати маънавии мардумро ҳифз мекарданд, эҳё гардиданд, — дар охир зикр кард мушовири калони муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Марҳабо Азимӣ.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ