17-уми ноябри соли 2023 дар доираи ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд.
Дар оғоз ҷонибҳо аз тавсеаи муколамаи байни роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ҳар ду кишвар, ки хусусияти мунтазамро касб намудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ раванди густариши муносибатҳои дуҷониба идома дода шуд.
Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки моҳи майи соли равон сурат гирифт, миёни ҳар ду давлат Эъломияи ҳамкории ҳампаймонӣ ба имзо расид, ки аз сатҳу муҳтавои баланди ҳамкории дуҷониба гувоҳӣ медиҳад.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ ибрози назар карданд.