17-уми ноябри соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа роҳбарон ва аъзои ҳайати парламентии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия низ иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст аз пазироии гарми кишвари мизбон изҳори сипос намуданд.
Сипас, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа оид ба нақши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешаҳои худро иброз карданд.
Зикр карда шуд, ки бо назардошти аҳамияти муассири забони русӣ, пеш аз ҳама дар рушди илм, техника ва маориф, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯхтани он имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.