Рашт: омодагии марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ

№ 13.11.2023

Бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар маркази ноҳия дар мавзӯи «Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ» семинар баргузор шуд.

Дар кори чорабинӣ мутахассисони Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок намуда, вобаста ба ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ бо мутахассисони ҷамъоварандаи омор ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ машварат гузаронида шуд.

Дар назди Кумита аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимоамалкунанда дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Водии Рашт яке аз минтақаҳои зебои кишвар буда, бо рӯду кӯлҳои мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳҳои осмонбӯс ва мардуми меҳмоннавозаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад.

Тайи солҳои охир миёни сайёҳон дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардию аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад, маҳбубияти хос пайдо

 Инчунин, масъулин аз ҳолати омодагии мавзеъҳо ва марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қабули меҳмонону сайёҳон дар ноҳия дидан намуданд.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»