Таърих гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар як миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро ба дӯш гирифта, кишвар ва мардуми хешро аз вартаи фурӯпошию ҳалокат наҷот медиҳанд.
Давлати навбунёди Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар марҳилаи аввали истиқлолият — дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX ба мушкилоти азими сиёсӣ, ки ба даргириҳои шадиди дохилӣ печид, рӯ ба рӯ шуданд. Додгоҳи таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълон ва интихоби соҳибихтиёрӣ бо сабабҳои зиёди дохилию хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид.
Миллати тоҷик дар он вазъи басо мураккаб воқеан ба роҳнамою сарвар, пешвои дурандешу хирадманд, боиродаю ботадбир ниёз дошт, ки фавҷи бузургро бо ақлу хирад ва тавони имону инсонгарӣ, фаросату наҷобат аз роҳи хато баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, аз паси хеш барад.
Дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) танҳо ягона роҳи наҷоти Ватан буд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар вазъи ҳассос ва аз нигоҳи сиёсӣ ноором доир гардида, дар он бо раъйи аксари вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Он рӯзи таърихию сарнавиштсоз ва наҷотбахши миллати тоҷик, яъне санаи 16 ноябри соли 1992 дар саҳифаҳои таърихи навини кишвари мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Зеро Пешвои миллат чун сиёсатмадори даврони нав бо қалбу нияти пок, ҷасорату далерӣ, хидмати содиқона ба халқу Ватани азизи худ ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданд.
Замоне ки роҳбари ҷавони ҳамагӣ чилсола, вале ватандӯсту маърифатпарвар, поктинату инсондӯст, қавииродаю адолатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта, умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда карданд, Тоҷикистони тозаистиқлоли мо рӯзҳои мушкилтаринро ба сар мебурд, касе ба ояндаи дурахшони давлату миллати қариб ба нестшавирасида бовар надошт.
Ҳақиқати талх аст, вале дар натиҷаи ин ҷанги бемаънии «бародаркуш» беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ кушта шуданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаю дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монд. Мувофиқи ҳисобҳо, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид, ки 105 маротиба аз буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1995 зиёд буд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯхта, садҳо иншоот, коргоҳу корхонаҳо, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва идораҳои давлатӣ харобу валангор гардиданд.
12-уми декабри соли 1992 Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлати Тоҷикистон ба халқи тоҷик муроҷиат намуданд, ки ҳадафи он ҳамчун барномаи стратегӣ ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсии кишвар ва муҳайё кардани шароит барои рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат буд.
Дар муроҷиатнома масъалаҳои муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ инъикос ёфтанд, аз ҷумла ҳар чӣ зудтар дар мамлакат барқарор намудани шохаҳои ҳокимият ва мақомоти идоракунии фалаҷгардида, баргардонидани гурезаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кишвар, таъсиси Артиши миллӣ, пурзӯр гардонидани ҳимояи сарҳади давлатӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳиме, ки дар мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии давлатамон нақши муассир бозиданд.
Пешвои миллат то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 21 маротиба бо сарварони собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик музокира ташкил намуда, 40 ҳуҷҷати барои тақдири миллат муҳимро ба имзо расониданд.
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисорию аз худ гузаштанҳои Пешвои миллат буд, ки дар кишвари мо сулҳ барқарору оромӣ шуд ва давоми солҳои 1993-2000 — ум ҳамагӣ 950 ҳазору 599 нафар ба ҷойи зисти аввала баргаштанд. 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар муддати кӯтоҳ барқарор гардид.
Вақте ки саҳифаҳои таърихро варақгардон менамоем ва ба он солҳои мудҳиш назар меафканем, иқрор мешавем, ки ин як даврони имтиҳони таърихии давлати мо буд, ки халқи тоҷик зери роҳбарии қаҳрамони бемисли худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат, иҷрои корҳои зиёди давлатсозию давлатдорӣ барои наслҳои оянда ва рушди ҳокимияти намояндагӣ ба сӯйи парламентаризми касбӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар замони соҳибихтиёрӣ дар кишвар маҳз таҳти сарварию роҳбарии марди шуҷоъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократии дунявӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва миллӣ асоси қавӣ гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ — Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ, Суруди Миллӣ, инчунин Конститутсия ва пули миллӣ гардида, Артиши миллии хешро таъсис додаю устувор намуд.
Бо шарофат ва ҷаҳди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагию ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд. Чунончи, дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи бисту як соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 115 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расид.
Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуда, сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд мегардад. Танҳо дар панҷ соли охир даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018, ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расид, яъне 2,1 баробар зиёд гардид, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовард ва нишондиҳандаи беҳтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар зарфи беш аз се даҳсолаи охир дар кишвар зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикӣ бунёд гардида, беш аз 2400 километр роҳҳои замонавӣ сохта шуданд.
Дар шаҳру деҳоти мамлакат қомат афрохтани садҳо бинои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба фаъолият пардохтани корхонаю коргоҳҳои гуногун, бунёди маконҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ, азнавсозии роҳу пулҳо маҳз хизматҳои бузург ва таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сохтмони бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ бо қудрати беҳамтои рӯҳию равонии бузургтарин фарзанди нобиғаи даврони мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, бо суръати баланд идома дорад.
Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлолу соҳибиқбол аст, ки тайи солҳои охир дар баробари дигар минтақаҳои кишвар пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе низ дар заминаи роҳнамоию ҳидоятҳои Пешвои миллат ва саъю талоши шаҳрдори ҷавону соҳибирода муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, дар пойтахт раванди навсозиҳо бо тарҳи муосир рушд менамоянд, ки симои шаҳрро дилнишин ва рушди онро ба шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг сохтааст.
Дар пойтахти мамлакат, қалби Тоҷикистон — шаҳри дилорои Душанбе бунёд гардидани Маҷмааи «Майдони Истиқлол» корномаҳои беназири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҷмааи «Майдони Истиқлол», ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он осорхонаи шаҳр бо нигораю ашёи нодири таърихӣ ҷойгир шудааст, имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати садҳо сокинону меҳмонони хориҷи кишвар табдил ёфтааст. Маҷмааи мазкур ҳамчун рамзи ҷовидонаи истиқлолияти давлатӣ ва бақои давлати миллии тоҷикон барои тақвияти ҳисси миллӣ, болоравии ҳувияту худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории наслҳои имрӯзу ояндаи халқи тоҷик нақши арзишманд мебозад.
Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат солҳои 2017 — 2021 дар пойтахт 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 45 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 12 муассисаи томактабӣ бо тарҳи замонавӣ барои беш аз 2 ҳазор тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз ғамхорию таваҷҷуҳи рӯзмарраи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози кишвар дарак медиҳад.
Дар робита ба хизматҳои бузурги таърихии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷин Пин барҳақ қайд кардааст: «Шумо Пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад».
Воқеан, дар ҷаҳони муосир Пешвои миллати моро ҷаҳониён эҳтиром мекунанд, ҳар ибтикороти созандаашонро пуштибонӣ намуда, роҳандозӣ менамоянд ва Сарвари давлати моро ҳамчун роҳбари ташаббускор, намунаи ибрат, пешоҳанги амалу чорабиниҳо, ободиву созандагиҳо эътироф кардаанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 — 2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об-барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 — 2028 «Об — барои рушди устувор», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» тасдиқи ин гуфтаҳост.
Ҳамзамон, бо ибтикороти ватандӯстонаи Пешвои миллат барои нигоҳдорӣ ва муаррифии фарҳанги моддию ғайримоддии халқи тоҷик «Шашмақом», «Фалак», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз», «Оши палав», «Чакан» ва ҳамчунин дар доираи номинатсияи фаромиллии «Шоҳроҳи бузурги абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, Қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез ва Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд.
Бемуҳобот, метавон иброз дошт, ки ташаббусу ибтикороти созандаю бунёдкорона ва нақшаю ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳнамоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар, расидан бо истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ба кишвари пешрафтаю саноатӣ табдил додани Ватани маҳбубамон равона шудаанд.
Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлолии тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд.
Хизмату заҳматҳои таърихию бунёдӣ, наҷотдиҳандаву созанда ва ҷоннисориҳои Президенти сулҳофар ва маҳбуби миллат дар хомӯш кардани оташи ҷанги хонумонсӯз, гирифтани пеши роҳи парокандагии кишвар, ба Ватан баргардонидани гурезагон, барқарор кардани сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимият, таъсис ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи мамлакат, ташаккули институти парламентаризм, рушди низоми қонунгузорӣ, зери сиёсати созанда сарҷамъ намудани халқ, муттаҳидии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушду нумӯи ҳар гӯшаи диёр, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоии мамлакат бисёр бузург мебошад. Пас месазад, ки мо — мардуми сарбаланду хушиқболи тоҷик бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи ҷомеаи Тоҷикистон, ки меъмори он Пешвои миллат ҳастанд, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории истиқлолияти кишвар, барои боз ҳам ба як мулки озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил додани Ватани азизамон саъю талош намоем.
Бузургии дигари Сарвари тоҷикони дунё дар он аст, ки тамоми дастоварду пешравиҳои дар ин замон ноилшудаи давлату миллатро бо натиҷаи заҳмати содиқонаи халқи Тоҷикистон ва хурду бузурги он пайванд медонанд ва пайваста ифтихороти хешро аз мардуми бонангу номус ва таҳаммулгаро баён медоранд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 9-уми сентябри соли 2021, аз ҷумла, баён доштанд: «Халқи бузургвору қаҳрамони ман!
Ман аз хурду бузурги ту аз замин то осмон миннатдорам ва дар назди бузургию шаҳомат, талошу матонат, ғайрату ҳиммат ва заҳмати содиқонаю софдилонаи ҳар як фарди ту сари таъзим фуруд меорам! Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар солҳои вазнин бо ман ҳамкорӣ карданд, миннатдорам ва ба ҳар яки онҳо камоли умру давлати пирӣ орзумандам. Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем».
Бо итминон метавон зикр намуд, ки таҳти сиёсати созандаю бунёдкорона ва мардумсолоронаи Пешвои миллат — Қаҳрамоне, ки ният ва маромашон оромии ҳар хонадон ва рушду тараққии кишвар мебошад, ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки асрҳои аср ном ва кору пайкори садоқатмандонаи шахси абармард Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори давлати миллӣ бо номи Тоҷикистон ва сарнавишташон бо сарнавишти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пайванди абадӣ ёфтааст. Зиндагию фаъолияти содиқонаю фарзандона ва доманадору пурсамари Пешвои миллат барои ҳар як фарди бедордилу ватандӯст ва бонангу номус мояи ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрат аст.
Мавсума МУИНӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих