Мутобиқи меъёрҳои конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян ва татбиқ намудани сиёсати дохилию хориҷии худ соҳибихтиёр, мустақил ва озод мебошад. Маҳз соҳибихтиёр будани Тоҷикистон имконият фароҳам сохт, ки маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, бо дарназардошти меъёрҳои конститутсионӣ ва хусусиятҳои таърихӣ, миллӣ, фарҳангию ҷуғрофӣ тавассути ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии миллии тозабунёд муайян, идора ва танзим карда шаванд. Ин ҳолатро дар бахши волоияти қонун ва мавқеи зан дар ҷомеа метавон мушоҳида намуд.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бо зикри нақш ва аҳамияти Қонуни асосии мамлакатамон баҳри пешрафту тараққиёти давлат, аз ҷумла чунин изҳор дошта буд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарури ҳуқуқӣ муҳайё карда, баҳри аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз пошхӯрӣ нигоҳ доштани миллати тоҷик замина гузошт, барои расидан ба Ваҳдати миллӣ заминаи устувор гардид ва дар он давраи ҳассоси таърихӣ барои пойдор намудани рукнҳои давлатдории тоҷикон ва боло бурдани ҳуқуқи занон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Аввалин маротиба дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард, ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти ин ташкилотҳо дарҷ намуд. Ҳатмист, ки сохтор ва фаъолияти ин ташкилотҳо бояд ба меъёрҳои конститутсионӣ ва демократӣ мувофиқ бошанд.
Бо дарназардошти ҳамин талабот моддаи нахустини Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона арзёбӣ намудааст.
Ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон– ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсилот, озодии виҷдон, баробарҳуқуқии зану мард, гуногунандешии сиёсӣ — ин ҳама нишонаҳои ҷомеаи демократӣ мебошанд.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал, шаклҳои гуногуни моликият муқаррар шудааст. Дар қатори моликияти давлатӣ, намудҳои дигари моликияти хусусӣ пешбинӣ шуда, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони баҳравар шудан аз онҳоро дорад, ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии худро дар асоси он ба хубӣ шиносаду риоя намояд.
Мутаассифона, на ҳамаи мардуми мо, хусусан занҳо аз ҳуқуқу вазифаҳояшон, ки дар Конститутсия зикр гардидааст, ба хубӣ огоҳанд. Агар ҳамин тавр намебуд, магар занони мо нисбати худ зӯроварии оилавиро роҳ медоданд? Албатта, не.
Моддаи 33, 34, ки ба оила ва тарбияи кӯдак дахл дорад ин равандро таври бояду шояд танзим менамояд. Конститутсия ба духтарон имконият фароҳам овардааст, ки аз ҳуқуқи худ бобати гирифтани маълумот пурра истифода баранд.
Айни замон аз 11528 нафар хизматчиёни давлатӣ 2847 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба солҳои гузашта 168 нафар аз ҳисоби занон зиёд гардидааст. Барои боз ҳам беҳтар ва амалӣ гардонидани Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» 35 курсҳои омӯзишӣ зери унвони «Зан-роҳбар», «Зан-сарвар», «Сарварони ҷавон» ва ғайра доир гардид, ки ба ин раванд таъсири мусбӣ расонид. Баланд бардоштани мақому манзалати занон ҳамеша дар маркази диққати Президент кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин раванд Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муассир дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияҳои байналмилалиро «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» ба тасвиб расондааст.
Аз 83 нафар аспирантоне, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ таҳсил мекунанд, 22 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз 527 нафар устодони донишгоҳ занҳо 25 фоизро ташкил медиҳанд. Дар ҳамин радиф, теъдоди занони унвондор 15,6 фоизро ташкил медиҳанд, ки нишондиҳанда назар ба солҳои пешин хуб аст. Дар маҷмӯъ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беҳбудӣ ёфтани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар саҳми бориз дорад.
Заррина Раҷабова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ