Вакилон раванди татбиқи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2024»-ро муҳокима карданд
23 — юми ноябри соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ оид ба ҷараёни татбиқи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2024» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи он Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки дар замони муосир инсониятро бемориҳои зиёди сироятӣ таҳдид намуда, табибонро ба омӯзишу таҳқиқ ва пайдо намудани роҳи пешгирию муолиҷаи он водор сохтаанд. Яке аз ин бемориҳо фарбеҳӣ мебошад.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ғизои дуруст заминаи асосии саломатии аҳолӣ мебошад. Истеъмоли маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ бо мадди назар доштани сифат ва бехатарии он шарти асосии ғизои солим мебошад. Айни ҳол пешгирии фарбеҳӣ самти афзалиятноки соҳаи тандурустии аксар кишварҳои ҷаҳон гашта, он ба номгӯи бемориҳои аҳамияти тиббию иҷтимоидошта дохил мешавад.
Солҳои охир бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни аҳолии кишвар тамоюл ба афзоиш доранд. Аз маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бармеояд, ки тайи 10 соли охир тамоюли зиёдшавии фарбеҳӣ дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба назар мерасад. Бо назардошти ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳадафи асосии стратегияи мазкур то 20 дарсад кам намудани вазни бадан ва то 30 дарсад фарбеҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Мақсади дигари барнома паст намудани хатари маъюбию фавти бармаҳали аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ аст.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашӯрзода зикр намуд, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ фарбеҳиро ҳамчун эпидемияи глобалӣ эълон намуда, дар ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ вафот менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бемории фарбеҳӣ мавҷуд буда, вақтҳои охир зиёд шудани он Ҳукумати кишварро нигарон кардааст. Бино бар оморҳои мавҷуда, бемории фарбеҳӣ дар миёни аҳолии кишвар 11,3 дарсадро ташкил менамояд.
Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2024» 2-юми октябри соли 2019 таҳти №463 ба тасвиб расид. Барномаи мазкур аз 10 боб ва 51 банд иборат мебошад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои барнома 7 940804 сомонӣ, аз он 6 985804,0 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва 955000 сомонӣ маблағҳои махсус (ғайр аз маблағҳои грантӣ ва ҷалби сармоягузорон) пешбинӣ шудааст.
Маълум гардид, ки иҷрои он 54, 7 дарсадро ташкил додааст. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва натиҷаҳои пешбининамуда корҳои зиёд бояд ба сомон расонида шавад.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффор Муҳсинзода оид ба рафти иҷрои «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки 17 фоиз аҳолии ҷумҳурӣ вазни зиёдатии бадан дошта, 13,6 фоизи аҳолӣ аз вазни зиёди бадан азият мекашанд.
Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистон дар рӯйхати умумиҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ ҷойи 128-ро ишғол менамояд.
Ғаффор Муҳсинзода иттилоъ дод, ки дар се солу 10 моҳ нақшаи амалисозии барнома 82 дарсад иҷро гардида, ҷараёни иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода доир ба арзёбии рафти татбиқи барнома аз ҷониби Палатаи ҳисоб маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, тибқи тартиби муқарраргардида вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои дахлдор масъуланд.
Файзалӣ Аҳмадзода изҳор дошт, ки таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки татбиқи барнома дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, боиси афзоиш ёфтани фарбеҳӣ дар байни аҳолӣ, махсусан занҳо, гардидааст. Ӯ таъкид намуд, ки тибқи нақшаи амалигардонии барномаи мазкур дар давраи солҳои 2019-2022 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ бояд 70 фоиз иҷро шавад, вале аз рӯйи таҳлилҳои анҷомдодашуда муайян гардид, ки бандҳои қисман ё нопурра ба анҷомрасида — 5 банд 5,8 фоизро дар бар гирифтааст, ки дар умум ба 54,7 фоизи иҷрои барнома баробар мебошад.
Дар охир вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳояшон аз масъулин посух гирифта, ҳамчунин пешниҳоду тавсияҳо манзур намуданд.
Бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ