Дар ноҳияи Ёвон онро оммавӣ карданианд
Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале то ҳол дар шаҳру ноҳия ва деҳоти кишварамон дар баргузории ҷашну маъракаҳо қонуншиканӣ ва зиёдаравӣ дида шуда, он аз ҷониби мақомоту идораҳои назоратӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ пешгирӣ карда намешавад.
Баръакс солҳои охир бар замми ин қонуншиканиҳо миёни мардум баргузории боз як ҷашни худсохти дигар — «Тифлбаророн аз таваллудхона» зери садои карнаю сурнай, оҳангу сурудхонӣ ва аксбардорию наворбардорӣ расм шудааст, ки он дар ягон моддаи қонуни мазкур дарҷ нагардидааст. Хабарнигори рӯзнома зимни сафари корӣ ҳолати «Тифлбаророн аз таваллудхона»-ро дар назди шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мушоҳида намуд.
Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Ёвон дар шафати роҳи калони кӯчаи марказии ноҳия воқеъ буда, ҳар нафари роҳгузарро аз ҳама пеш қатори тамбаи нақлиёти ба ном «таксиҳои ғайрирасмӣ» ва «ронандагони худсар»-и он ба худ ҷалб мекунад. Мо аз онҳо нархи роҳкироро пурсидем. Дар ҷавоб гуфтанд, ки роҳкиро 4 сомонӣ аст. «Охир, масофаи роҳ аз назди беморхонаи марказӣ то бозор ҳамагӣ як километр ҳам нест, чаро мусофиронро бо чунин нархи гарон мебаред?» — суол кардем аз онҳо. Яке аз ронандаҳо бо қаҳру ғазаб ба мо нигоҳ карда, гуфт: — Нахоҳӣ, пои пиёда раву ба нархҳои мо кордор нашав, фаҳмидӣ?
Ҳамин вақт садои баланди карнаю сурнай аз дохили ҳавлии Беморхонаи марказии ноҳия диққати моро ба худ ҷалб карду баҳси мо бо ронандагони таксиҳо қатъ гардид.
Ба саҳни ҳавлии беморхона ворид шудем ва шоҳиди он гардидем, ки гурӯҳе тифли навзодро зери садои баланди карнаю сурнай, наворбардорию аксгирии бодабдаба аз таваллудхона берун меоварданд. Табибону момодояҳо, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони шуъбаи таваллуд бо чеҳраҳои пуртабассум навзодро гусел мекарданд. Шумораи зиёди хешовандону наздикони падару модари навзод низ гирд омада, бо рақсу бозӣ тифлакро дасти ба даст ба мошини сабукрави хориҷии бо гулҳои рангоранг орододашуда савор карда, ба хонааш гуселониданд.
Мо чунин расми «Тифлбаророн аз таваллудхона»-ро бори аввал дида, ба худ савол додем: — Оё тифли навзод медонад, ки волидайну хешу табораш ӯро зери садои мусиқию ҳуштаккашиҳо аз таваллудхона берун мебаранд? Баъди гузашти панҷ-даҳ сол аз ин тифлак бипурсед, ки оё дар ёд дорӣ, чӣ тавр туро аз таваллудхона бо мусиқанавозию рақсу бозӣ бароварда буданд, тифл, дар посух ба ин савол чӣ ҷавоб медода бошад? Борҳо шоҳид будем, ки чӣ тавр навзодро баъди ду-се рӯзи таваллуд табибон аз муоина гузаронида, сипас аз таваллудхона ҷавоб медоданд. Волидон бо як даста гул омада, бо иҷозаи табибону момодояҳо тифлакро ба хона мебурданд.
Баъди мушоҳидаҳо зарур шуморидем ба роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳия ва мудири шуъбаи таваллуд муроҷиат намоем. Мутаассифона, мудири шуъбаи таваллуд Абдухолиқ Ҷӯрабековро пайдо карда натавонистем. Ба гуфти масъулин, сардухтур дар рухсатии меҳнатӣ буда, иҷрокунандаи вазифа ба дӯши муовини аввали сардухтур Фирӯз Холов вогузор шудааст. Дар куҷо будани муовини аввалро касе аз кормандон муайян карда натавонист. Ҳатто масъулияти раисии комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими беморхона ба дӯши кӣ буданашро касе намедонад. Кӯшиш кардем нозири минтақавиро бубинем, вале аз ӯ низ дарак набуд, зеро ба муроҷиати мо маъмурияти беморхона ва кормандони шуъбаи таваллуд аҳамият намедоданд.
Чунин рафтори масъулони ин муассисаи тиббӣ моро водор намуд, ки дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо хабарнигорони ВАО-и кишвар оид ба ҳолати воқеии қонуншиканӣ, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, ки ба риоя нагардидани интизоми меҳнат дар соати кории кормандон оварда мерасонад, суол пешниҳод намоем, вале роҳбарияти беморхона ва сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Ёвон Неъматулло Ҳаитзода бо ҳар роҳ аз посух ба ин суол канораҷӯӣ карданд. Неъматулло Ҳаитзода изҳор дошт, ки «Тифлбаророн аз таваллудхона» расми нави мардумӣ мебошад ва он дар оянда баъди ба миён омадани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қонуни мазкур ворид карда мешавад. Ин пешгӯии ӯ кай амалӣ мешавад? Ӯ ба ҷои назорат дар фикри тағйирот ба қонун аст. Ин хароҷотҳоямон камӣ мекарданд!
Мутаассифона, роҳбарият ва дигар масъулони беморхона ва шуъбаи таваллуд фаромӯш кардаанд, ки дар ин муассисаи табобатӣ беморони бемориҳои гуногун бистарианд. Шояд яке дар ҳолати вазнин, дигаре дар ҳолати баъди ҷарроҳӣ ва ғайра қарор доранд. Магар садои баланди карнаю сурнай дар ҳавлии беморхона ба гӯши беморон ва наздикони онҳо хуш меояд? Оё чунин рафтори иддае аз шаҳрвандон аз рӯи инсофу фаросат аст?
Агар масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва бахши танзими анъана ва ҷашну маросими он корҳои назоратӣ ва тарғибу ташвиқотиро дуруст ба роҳ мемонданд, шояд мардум анъанаҳои нави бофтаю сохтаро ҳамчун сарборӣ ба расму оини миллӣ истифода намекарданд.
Набояд фаромӯш кард, ки иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳама қишрҳои ҷомеа, сарфи назар аз кору вазифа, ҳатмист ва дар татбиқи амалии он, пеш аз ҳама, бояд кормандони ниҳодҳои назоратӣ саъй намуда, барои мардум намунаи ибрат бошанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»