Тозанашр

Касбият, садоқат, ҷасорати журналист

№146 (4729) 27.11.2023

ДАЛЕР ОБЛ — копия

Китоби панҷуми журналисти ватандӯст, муовини сармуҳаррири нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло зери унвони «Касбият, садоқат ва ҷасорат» ба дасти хонандагон расид. Дар он муаллиф мақолаҳои хешро, ки ду соли охир дар нашрияҳои гуногуни кишвар ба табъ расидаанд, гирд овардаю ба дӯстдорони калом эҳдо намудааст.

Китоб аз панҷ боб мураттаб шуда, боби аввал муҳаббатномаест ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар робита ба корномаҳои мондагори ӯ. Муаллиф дар пешгуфтори боби аввали китоб чунин нигошта: «Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, дар марҳилае, ки ҳанӯз пояҳои истиқлолияти давлатӣ устувор набуданд, ҳастии минбаъдаи давлати ҷавонро зери суол бурд. Дар чунин шароит сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси наҷоти миллат ва давлат гардид. Берун овардани мамлакат аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тақвияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ, «фарҳанги сулҳи тоҷикон» ислоҳоти фарогир, эҳёи аркони фалаҷшудаи идоракунӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, ташаккули низоми қонунгузории миллӣ, боло бардоштани мақоми забони давлатӣ, эълони чор ҳадафи стратегии Ҳукумат, сохтмони неругоҳҳои барқи обии зиёд, аз ҷумла НБО «Роғун»… намунаҳо аз ҷамъи дастовардҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд».

Муаллиф ба ин шева, ҳамзамон, хонандагонро барои муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат ва арҷ гузоштан ба дастовардҳо, арзишу муқаддасоти миллатамон, ки ба шарофати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, даъват менамояд.

Дар матлаби дигари ин боб «Қудрати муттаҳидсозӣ» муаллиф ба хонанда ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид писандидану пазируфтани онҳо, атрофи ин ташаббусҳо ба ҳам омадани роҳбарони кишварҳои гуногуни дунёро хотирнишон менамояд. Ин ташаббусҳои дурбинона, ки ба об марбутанд, ба хотири наҷоти миллат ё кишвари ҷудогона набуда, ҳадафҳои гуманистӣ дар пай дошта, барои наҷоти сайёра ва мардуми он рӯи кор омадаанд. Муаллиф таъкид менамояд, ки мафҳуми «дипломатияи об», ки кишварҳои гуногун дар ҳалли масоили марбут ба об аз он кор мегиранд, ба шарофати Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст.

Матлабҳои дигари бобҳои китоб паём медиҳанд, ки Далер Абдулло набзи ҷомеаро эҳсос менамояд, бениҳоят ҷасур ва ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқу арҷгузор аст. Ба ҳайси як журналисти таҳлилгар масъаларо меомӯзад, ташхис мекунад ва сипас, дар он хусус менависад. Аз боби зиракии сиёсӣ ва мавқеъгирии дуруст чунин ҳушдор додааст: «Мо дар ҷаҳони пурҳаводис қарор дорем. Марҳилае, ки пайомади он ба сатҳу сифати зиракии сиёсӣ ва дарки вазъи ҷаҳони муосир вобаста аст». Ба ин хотир, ногузир медонад «… ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна фиребу дасисаҳои доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем». Дар бобати НБО «Роғун» нигошта ва ба мо аз оянда паёми нур мерасонад, аз хусуси Истиқлолияти давлатӣ иншо намуда, ҳифзи онро қарзи инсонию шаҳрвандии ҳар фарди тоҷик медонад. Аз ҳамдигарфаҳмию ҳамзистӣ навишта, онро аз омилҳои устувории ваҳдати миллӣ мепиндорад. Бо ихлосмандӣ аз орифони гузашта чун Абӯбакри Варроқ Тирмизӣ, ки дар замони худ барои пешгирӣ намудани ифроту тафриқаандозӣ дар масоили марбут ба дин талошҳои зиёд доштанд, ёдовар мешавад. Суду зиёни шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ менамояд ва огоҳ месозад, ки ҷавонони мо аз ин роҳ мағзшӯӣ мешаванд. Таълими ғайриқонунии динӣ, ифротгароӣ, амалҳои террористиро маҳкум месозад ва аз паёмадҳои бади он ҷомеаро огоҳ месозад…

Дар маҷмӯъ, Далер Абдулло аз ҷумлаи журналистоне мебошад, ки қудрати қаламу суханро ба манфиати халқу Ватан сарф мекунад. Матлабҳое, ки хонанда ба ҳангоми мутолиа дар китоб ба онҳо рӯ ба рӯ мешавад, далели касбияти баланд, ҷасорати журналистӣ ва садоқати муаллиф ба арзишҳои миллию давлатӣ мебошад. Тавре дар пешгуфтори китоб зикр шудааст: «Бисту як сол аст, ки дар соҳаи журналис­тика заҳмат кашида, ба сифати афсари содиқи идеологӣ бо қалам аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва армонҳои миллати тоҷик пуштибонӣ мекунам. Дар муқобили онҳое, ки бо давлату Ҳукумати Тоҷикистон душманӣ меварзанд, мубориза мебарам».

Мо муждаи тозаи Далер Абдулло: «Касбият, садоқат, ҷасорат» — ро мепазирем ва умед мебандем, ки минбаъд ба мо аз муаллиф муждаҳои нави дигаре мерасанд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»