Пахта муҳим аст, аммо…

№146 (4729) 27.11.2023

cotton-3760800_960_720 — копия

Дар кишвар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Мушоҳида мешавад, ки одатан зимни пешниҳоди маълумот оид ба вазъи корҳо дар саҳро мутасаддиёни соҳа аз оморҳои муқоисавӣ васеъ истифода мебаранд.

Раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ҳисор Фаришта Давлатова иброз дошт, ки деҳқонони шаҳри Ҳисор соли ҷорӣ дар 1100 гектар пахта кишт кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 43 гектар зиёд мебошад. Тибқи нақша, пахтакоронро лозим меояд, ки нисбат ба нақшаи соли гузашта, ки 2529 тоннаро ташкил медод, 15 тонна зиёдтар «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.

Соли гузашта ба пахтакорони хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор муяссар гашта буд, ки ҳамагӣ 81 фоизи нақшаро иҷро намоянд. Мутаассифона, имсол низ вазъ чандон хуб нест, зеро то ҳол дар хоҷагиҳо 1535 тонна ё 60,34 фоиз пахта ҷамъоварӣ шудаасту халос. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар то ин дам 22,7 сентнерро ташкил медиҳад.

- Дар мавриди аз як гектар замини пахта 25 сентнер кам гирифтани ҳосил дараҷаи даромаднокии он ба сифр баробар мешавад, — гуфт Фаришта Давлатова.

Сабаби ақибмониро дар мавриди ҷамъоварии ҳосил мутахассиси соҳа ба он нисбат дод, ки баҳори соли ҷорӣ ба деҳқонон истифодаи тухмии туркии навъи «Lotus» тавсия шуда буд, вале он мутобиқ набуданашро ба иқлими мо нишон дода, пахтакорон маҷбур шуданд, ки кишти такрорӣ гузаронида, тахминан як моҳ вақтро аз даст диҳанд.

Соли гузашта як килограмм пахта 11-12 сомонӣ харидорӣ мешуд. Имрӯз нархи 1 кг пахта дар Ҳисор 5-6 сомонӣ аст, ки ин ҳавасмандии хоҷагиҳои пахтакорро дар таъмини дурнамои кишт ва истеҳсоли пахта дар оянда заиф мегардонад.

Ба иттилои ҳамсуҳбатам, як қисми кишоварзон бо назардошти паст будани нархи хариди пахта маҳсулотро ба корхонаҳои коркарди маҳаллӣ насупорида, онро бо сарфи калони роҳкиро ба вилоятҳои Хатлону Суғд ирсол менамоянд ё то боло рафтани нарх дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд.

Дар интиҳои суҳбат раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ҳисор Фаришта Давлатова ҳамфикр буданашро ба пешниҳоди коршиносон оид ба муқаррар намудани нархҳои тавсиявии хариди пахта бо назардошти хароҷот ва хусусиятҳои ҳар минтақа баён намуд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»