Парчам муқаддасоти миллӣ, ифодагари соҳибистиқлолӣ соҳибватании ҳар халқу миллат маҳсуб ёфта, маҳсули тафаккури созанда бо тамоми тағйироташ то замони мо омадааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз замонҳои қадим парчам ҳамчун рамзи шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси ҳар як миллату халқият мебошад. Ба ороиши парчам, ки тасвири ниҳоят густурда дорад, диққати махсус дода, онро аз филизот ва сангҳои қиматбаҳо (зар, сим, лаъл, лоҷувард, гуҳар), пардаи онро аз матоъҳои аълосифат (парниён, паранд, дебо, ҳарир) бо ҷавоҳироти пурқимат оро медоданд, ки назираш дар таърихи кишвардории дигар давлатҳо дучор намешуд ва он симои сарватмандии давлатро ифода мекард.
Парчам таърихи беш аз чорҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Аз ҳафриёти бостоншиносон дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки бо асри VII мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро метавон мушоҳида кард. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафари онҳо парчамҳои сегӯша дида мешавад. Парчами ориёиҳо (портҳо, суғдиҳо, бохтариён) дар деворнигораҳои шаҳри Помпей Рум (асрҳои XI-I то мелод) кашида шудааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиёнӣ» ном дошт, ки онро «Ахтари ковиён» низ хондаанд ва он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ маҳсуб меёфт. «Дирафши ковиёнӣ» то замони сукунати давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлати ниёгони тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он парандаи заррин — мурғи ҳумо ҷой дода мешуд.
Парчами давлатӣ ифодагари иқболу истиқлолият, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ва ватанпарастӣ, ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳанги мо буда, некутарин мақсаду мароми Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши ковиёнӣ»-и аҷдоди ориёнажодамон бо тобиши се ранг: ранги сурх — рамзи муборизаю ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишони сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландию хуррамӣ ва бардавомии умр мебошад. Дар байни он тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар асараш «Футувватномаи султонӣ» дар мавриди хосияти ҷовидонии ранги сабз доштани парчам мегӯяд: «Агар пурсанд, ранги сабз аз они кист, бигӯй, ранги сабза ва об аст ва аз они олиҳимматон ва зиндадилон аст, ки ин рангро бисёр писанданд. Ҳар кӣ аз ин ранг ҷома пӯшад, бояд, ки чун сабза хандону хуррам ва монанди об ҳаётбахшу дилпазир бошад».
Дирафш аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, парафкандан сохта шудааст. Вожаҳои «ахтар ва дирафш»- ро дар замонҳои пеш чун нишон ва парчам ба кор мебурданд.
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ , ки махзани истифодаи тасвирҳои парчам аст, ҳар як паҳлавони бузургу номдори сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худ доштааст. Масалан, дар тасвири сурати саҳнае аз лашкари Кайқубод бо Афросиёб омадааст, ки дар болои кулоҳи сарбозон парчамҳои сегӯшаи рангашон сурху зард тасвир шудааст.
Давлати Миср, ки 26 сулолаи фиръавнҳо онро идора карда буданд, соҳиби парчами худ буд. Мисриёни қадим, ки шоҳинро муқаддас мешумориданд, парчами худро низ дар шакли шоҳин сохта буданд. Онҳо шоҳинро рамзи худои Ра — ҳимоятгари фиръавнҳо ва давлати Миср медонистанд. Лашкари Миср вақте ба ҷанг мерафт, парчамбардорон пеш-пеши он парчами Миср — шоҳинро мебурданд.
Империяи Рум ва румиҳо низ соҳиби парчами худ буданд. Рамзи асосӣ дар парчами онҳо тасвири уқоб буд, ки бо пешниҳоди консул Марий пеш аз мелод қабул карда буд .
Соли 550 пеш аз мелод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърих — Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиён таъсис ёфт. Дар парчами онҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд .
Соли 1753 манғитиҳо дар Бухоро ба сари ҳокимият омаданд ва соли 1785 хони манғит — Шоҳмурод хонигарии Бухороро ба аморат табдил дода, худро амир эълон кард, ки парчами амораташ ранги сабз гирифт ва дар байнаш тасвири моҳ ва як ситора дошт. Ҳамзамон, дар парчам панҷаи даст ва бо хатти арабӣ калимаи «тавҳид» навишта шуда буд.
Бо шарофати Инқилоби Сотсиалистии Октябр парчами сулолаи манғитиён аз байн рафт. Давлати миллии тоҷикон аз нав ташкил шуд ва дар шакли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барқарор гардид .
Парчами аввалини давлатии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1922 баробари таъсисёбии давлати абарқудрати ИҶШС аз нав таҳрир ёфт. Конститутсияи давлати мазкур парчами сурхи дар кунҷи боло тасвири «Дос ва болға» ва дар болои он ситораҳои панҷгӯшадоштаро қонунӣ гардонид.
Воқеан ҳам, давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам, тассаввур кардан ғайриимкон аст. Мутобиқи моддаи 93-и Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 1931 «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» парчам он замон аз матои сурх иборат буда, дар қабати болои чапи он бо ҳарфҳои зарҳалӣ Тоҷикистон навишта шуда буд.
Таносуби бар ба дарозии парчам 1;2 муайян гардида буд. Бо Қарори Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон бо парчам дар кунҷи тарафи чап расми досу болға ва номи ҷумҳурӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ илова карданд. Дертар 28-уми сентябри соли 1940 ҷумҳурии мо бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз алифбои лотинӣ ба алифбои кириллӣ гузашт. Дар ин робита ба парчам низ тағйирот ворид шуд.
Моҳи феврали соли 1947 Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии бо парчами ИҶШС шабоҳатдоштаи худро қабул кунанд. Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 20 марти соли 1953 охирин бор таҳрир гардид, ки аз матои сурх омода шуда, тасвири дос ва болға дошта, дар он навиштаҷоти тоҷикии «РСС Тоҷикистон» насб гардида буд. Тибқи Парчами давлатии Тоҷикистон иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳо муайян гардид. Дар солҳои мавҷудияти сохти сотсиалистӣ парчам дар баробари рамзи давлатӣ будан, рамзи шаъну шараф, ғолибият, пешравӣ, муваффақиятҳо дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолоту ҳаёти ҷамъятӣ низ ба ҳисоб мерафт.
Зимни соҳибихтиёрии худро эълон кардан ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия масъалаи аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлати Тоҷикистон ба миён омад. Ҳамин тавр, дар рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул карда шуд.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки 19 ноябри соли 2009 қабул гардидааст, ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
30-юми августи соли 2011 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон партавфишон гашт, ки манорааш бо баландии 165 метр, дарозиаш 60 метр ва паҳноияш 30 метр бунёд гардид. Ин дастоварди бузург дар «Китоби Гиннес» сабт шуд. Дар дунё манораҳои бузурги парчам, баъдан дар Арабистони Саудӣ 170 метр, Озарбойҷон — 162, Кореяи шимолӣ — 160, Иордания — 133, Уммон 121 метр сохта шудаанд.
Ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба қаҳрамонони миллат, ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Сомонию Темурмалик, Рӯдакию Фирдавсӣ ва садҳо абармардони гузаштаи мост, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва парчаму нишони давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд.
Файзулло ҚУРБОНОВ,
Саврибегим ГУЛМИРЗОЕВА,
омӯзгорони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе