Ба истиқболи 90-солагии Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Бозгӯи 90 соли нумӯи фарҳангу адаб

№147 (4730) 01.12.2023

«Фаромӯш набояд кард, ки миллати тоҷик аз қадим китобдору китобхон буд, ин анъанаро ҳифз карда, бояд идома диҳем».

Эмомалӣ Раҳмон

Китобхонаи Лохути 1Инсон ҳамеша ба тарбия эҳтиёҷ дорад, аз ин рӯ, инсони маърифатпарвар китобро аз дилхоҳ ғизои моддӣ афзал медонад. Аз ин ҷост, ки китобдору китобхона масъулият маҳсуб меёбад. Китобдорӣ кумак расонидан ба тарбияи ҳуқуқӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, гуманистӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми забони модарӣ, ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардош­тани сатҳи маърифатнокӣ ва касбии инсон мебошад. Бузургу тавоно халқест, ки ҳастияш ҳамбастагӣ бо китоб дорад. Китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ, ганҷинаи бебаҳои фарҳанги миллӣ, муаррификунандаи забону таърих ва роҳнамои рости зиндагии инсонҳо буда, пайвандгари замонҳою наслҳо ба шумор рафта, иқтидори неруи ақлонии ҳар миллат дар саҳифаҳои он дарҷ гаштааст.

Ниёгони бузурги халқи тоҷик китобро «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» хондаанд.

Нақш ва мақоми китоб имрӯз низ ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихию сиёсӣ, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.

Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1933 таъсис ёфта, дар рушду нумӯи илму адаб фаъолияти пурсамарро ба сомон расонидааст.

Соли 1974 бо қарори КМ КПСС Совети Вазирони ИҶШС, Вазорати маданияти ИҶШС қарори махсус «Барои баланд бардоштани нақши китобхонаҳо дар тарбияи сиёсии меҳнаткашон ва прогресси илмию техникӣ» қабул кард. Дар ин замина, китобхонаи мазкур ҳамчун «Китобхонаи марказии шаҳрӣ» ном гирифт.

Дар Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» айни замон 12 шуъбаи китобхонаи марказӣ ва 12 китобхона-шуъбаҳо (филиалҳо) ба қайд гирифта шудаанд, ки 4-тояш китобхона-шуъбаҳои бачагона буда, бо муассисаҳои маориф ва фарҳангӣ, мактабҳои олӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамкорӣ менамоянд. Китобхона тарғиби ҳуҷҷату санадҳо ва ҷашну санаҳои таърихию фарҳангиро ба роҳ монда, як силсила чорабиниҳо, аз қабили намоишҳои китоб, маҳфилҳои адабӣ, суҳбату соатҳои адабӣ, викторинаҳо, конференсияҳо, вохӯрӣ бо адибону олимон ва шахсиятҳои шинохтаро ташкил менамояд.

Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ аз куҳантарин боргоҳи маърифатии пойтахт буда, дар давраи фаъолияташ ба ҳазорҳо хонандагон хизмат расонида, дар пешбурди фарҳанги тоҷик саҳми муносиб гузоштааст. Моҳи марти соли 1953 китобхонаи шаҳрӣ 20-сола шуда буд ва роҳбарии онро Сперанская Евгения Василевна ба уҳда дошт. Дар он замон кормандони китобхона беш аз 30 нафар буда, теъдоди умумии китоб­ҳо ба 175 ҳазор расида, ҳамарӯза ба 170-200 нафар хонанда хизмат расонида мешуд. Дар давоми чил соли фаъолият — аз соли 1933 то соли 1973 китобхонаи мазкур дар биноҳои куҳнаю фарсуда — аввал дар кӯчаи собиқ Ленин-назди чойхонаи «Роҳат» ва баъдан дар кӯчаи собиқ Орҷоникидзе ҷойгир буд.

Бо саъю талоши роҳбарияти китобхона Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе масъалаи бунёди бинои нави ин боргоҳи маърифатро ҳал намуд ва сохтмони он соли 1973 анҷом пазируфт. Коллективи китобхона ба бинои нав (воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 50) кӯчид, ки он бо тамоми шароит бархӯрдор буд.

Соли 1974 Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ барои хизмати хуб дар бобати баланд бардоштани маънавиёти аҳолии пойтахт бо дипломи Вазорати маданияти Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, ба он унвони «Китобхонаи аъло» дода шуд. Соли 1975 Системаи мутамарказонидашудаи китобхонаҳои оммавии шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ки 33 китобхонаро муттаҳид намуд ва 5-тои он дар хизмати бачаҳо қарор гирифт.

Соли 1997 баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон кормандони китобхона чорабиниҳои гуногун гузаронида моҳият ва аҳамияти сулҳи тоҷиконро дар намоиши китобҳо талқин намуданд. Китобхона, соли 1999 дар таҷлили бошукӯҳи 1100-солагии давлати Сомониён, соли 2000-ум дар Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ, соли 2003 дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Форуми байналмилалии «Оби тоза», соли 2004 дар ҷашни 80-солагии шаҳри Душанбе, соли 2008 дар 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 130-солагии Садриддин Айнӣ, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, соли 2009 дар ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам, соли 2011 дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 100-солагии Мирзо Турсунзода, бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 5500 — солагии Саразм ва дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкати фаъол варзида, конфронсу маҳфилҳо доир карданд. Дар баргузории чорабиниҳои оммавии китобхона шуъбаи корҳои ташкилию оммавӣ, ки мудираш Маҳбуба Ризоева мебошад, бо ҳамроҳии кормандони ҳамин шуъба Бадалбой Боев ва Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ саҳми арзанда доранд.

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» дар давоми солҳои охир боз 3 шуъбаи нав: «Адабиёти ҷаҳонӣ», «Адабиёти форсӣ» ва «Хизматрасонии электронӣ» таъсис ёфт, ки ин иқдом ба пешрафти кор ва сари вақт муваффақ гардонидани муштариён мусоидат мекунад.

Боиси хурсандӣ ва шукргузорӣ аст, ки ба соҳаи китобдорӣ бунёди китобхонаҳои замонавӣ ва нашри адабиёти босифат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода мешавад. Гувоҳ бар ин гуфтаҳо бо қаноатмандӣ, қабул гардидани як зумра қонун ва қарорҳо, аз қабили «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ва ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикис­тонро метавон ном бурд.

Тӯли чанд соли охир се китобхона-шуъбаи нави Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, аз ҷумла дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе китобхона-шуъбаи №1 «а», китобхона-шуъбаи №10 ва соли 2023 ба истиқболи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе китобхона — шуъбаи (филиали) №4-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» таъсис дода шуд. Ҳамчунин, чанде қабл дар китобхонаи мазкур филиали кафедраи китобдории китоб­шиносӣ ва биб­лиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ифтитоҳ гардид.

Фонди умумии китобхона то 1 ноябри соли 2023-юм 479 684 нусха буда, бо забони тоҷикӣ 96 383 нусха, бо забони русӣ 363 648 нусха, бо дигар забонҳо 19 653 нусхаро ташкил медиҳад.

Теъдоди хонандагони китобхона дар 9 моҳи соли 2023-юм 14 421 нафарро ташкил дод, ки аз ин 6926 нафар кӯдакон мебошанд.

Имсол дар китобхона ва китобхона-шуъбаҳои он 630 чорабиниҳои оммавӣ-намоишҳои китобӣ, конферен­сияҳо, маҳфилҳои адабӣ, суҳбату вохӯриҳо, соати адабӣ, хулосаҳои библиографӣ, сайру озмунҳои гуногун байни хонандагон баргузор карда шуд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 феврали соли 2020 дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тибқи Низомнома ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ шуда, кормандони китобхона низ дар он саҳм гузоштанд.

Вазифаи китобдорон ҳамчун тарғибгари сарчашмаҳои маърифатӣ аз он иборат аст, ки бо истифода аз шаклу усулҳои ҷолиб ва муосир ба насли наврас китобҳои беҳтаринро дастрас гардонида, дар замири онҳо нисбат ба Ватани азизамон — Тоҷикистон меҳру садоқат, вафодорӣ, омодагӣ баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодиро бедор намоянд ва онҳоро ба бунёдкорию созандагӣ, таҳкими пояҳои ҷомеаи навини демократӣ, дунявӣ ва суботу ваҳдати миллӣ раҳнамун созанд.

Бояд таъкид намуд, ки собиқадорони меҳнат Тащлинсева Анна Ивановна, Туфалонова Наботбегим, Ҷумъаев Ҷумъа, Аҳмадова Сабоҳат, Ҷӯраева Ҳамида, Асоева Мавлуда, Аҳмадова Мавзуна, Муҳаббатова Зебо, Ҳафизова Маҳдия, Емомова Майсара, Ёдгоршоева Лола, Шарифова Раҷабгул, Ёрова Саврӣ, Саломзода Азиза тӯли фаъолияти зиёд дар тарбияи ҷавонон ва рушди китобхонаю китобдорӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Обиди ОДИЛИЁН,

мудири толори матбуоти даврии Муассисаи давлатии «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»