Касбҳои ояндасоз

№147 (4730) 01.12.2023

«Ифтихор дорем, ки ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав­таринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъю талош доранд, ки ба ин васила, дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд».

Паёми шодбошии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23.05.2022)

ХАФИЗУЛЛРушди малакаи ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳояшон ҳамеша ҷавононро неруи созанда, бунёдкор ва ояндаи ин давлату миллат гуфта, таъкид мекунанд, ки насли ҷавон барои ба боварӣ ва эътимод содиқ мондан ба омӯзиши касбҳои ояндасозу ояндадор камар банданд, зеро ояндаро онҳое месозанд, ки аз донишҳои замонавӣ бархӯрдоранд.

Эътимоди Роҳбари давлат ва дар ростои он боварии мардум назди насли ҷавон масъулияти бузург мегузорад. Ҷавонон вазифадоранд, ки аз донишҳои нав бохабар шуда, худро омода кунанд. Аз «касбҳои миранда» худдорӣ карда, касбҳои нав ва ояндадорро интихоб кунанд.

БАРНОМАСОЗ, ДИЗАЙНЕР, МУТАХАССИСИ SMM ВА…

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва шароити созгор имкон фароҳам гардид, ки насли ҷавон доир ба интихоби касб, иваз кардан ва омӯзиши касбҳои нав камар бандад. Дар ҳоли ҳозир барномасозӣ, дизайнерӣ, мутахассиси SMM ва ғайраҳо аз ҷумлаи касбҳои ояндадор буда, ҷавонон ин майдони холиро бо ҷидду ҷаҳди зиёд пур карда истодаанд.

Ҳар як маҳсули барномасоз бо супориш ё тақозои ҷомеа тавлид мешавад. Барномаҳои мобилию компютерӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, барномаҳои махсусе, ки дар ширкатҳои нақлиётӣ, бонкҳо, заводҳо, «web- студия»- ҳо ва ғайраҳо истифода мешаванд, маҳсули заҳмати зеҳнии барномасозон ҳастанд.

Барномасозӣ, ба мисли дигар касбҳо, самтҳои гуногун дошта, ба гурӯҳҳо тақсим мешавад. Гурӯҳе барои телефони мобилӣ ва компютерҳо барнома менависанд, баъзеҳо бозӣ меофаранд, як идда барои роботҳо барнома месозанд, боқимонда барномаҳои заводу ширкат ва бонкҳоро таҳия мекунанд, ки ҳамагӣ барои осону шаффоф кардани кори ҳаррӯзаи инсон мебошад. Ба ҳамин минвол касбҳои дизайнерӣ ва мутахассиси SMM низ кори ҳаррӯзаи инсонҳоро осон мекунанд ва яке барои зебоӣ, дигаре барои фурӯхтани маҳсулоти тавлидшуда кумак менамоянд. Ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад, новобаста аз ҷинсият ва синну сол, метавонад ба омӯзиши ин касбҳо машғул шавад. Илова бар ин, барномасозӣ, дизайнерӣ, мутахассиси SMM ва ғайраҳоро метавон аз интернет омӯхт.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат донишҷӯёне таълим мегиранд, ки тахассусашон барномасоз аст, аммо ҷавонон, асосан ба чор маркази омӯзишӣ барои омӯхтани касби барномасозӣ мераванд. Инҳо «Алиф академия»- и «Алиф бонк», «Ilmhonа», «zypl.ai» ва «Softclub» мебошанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар «Алиф академия» омӯзиши барномасозӣ ройгон ва дар сеи дигар пулакӣ аст.

Ҳоло дар «Softclub» ҷавонон барномасозӣ ва информатикаро меомӯзанд. Дар ин марказ шогирдон ҳар ҳафта имтиҳон месупоранд. Омӯзгорон аз дохилу хориҷи мамлакат ҳастанд. Дар як моҳ шогирдон то 90 соат дарс мехонанд.

Дар давоми ҳафта дар 3-6 соат барномасозиро омӯхтан номумкин аст, бояд ҷиддӣ ба омӯзиш машғул шуд. Ҳамчунин, устодон омода ҳастанд, ки дар дилхоҳ вақт ба саволҳои шогирдон ҷавоб диҳанд. Ҳар нафаре, ки ба ин марказ меояд, барномасоз шуда меравад.

Ҳамчунин, мутахассисони ширкатҳои бонуфузи дунё — Apple, Amazon ва Microsoft ба шогирдони маркази «Softclub» фосилавӣ машварат медиҳанд, ки ин барои ҳавасмандгардонии онҳо мусоидат менамояд.

Маркази омӯзишии «Ilmhonа», ки ба таври дигар «Тезкунандаи малакаҳо» ном бурда мешавад, ҳадаф дорад саводнокии ҷавонони ҷумҳуриро дар соҳаи технология зиёд кунад. Роҳбари маркази мазкур Фарзона Сангинова рушди малакаҳои ҷавононро, пеш аз ҳама, дар таълими босифат ва роҳнамои хуб мебинад.

Шакли таълим ва муаллимони дар соҳаи худ ҳирфаӣ барои хуб омӯхтани касбҳои нав, аз ҷумла барномасозӣ ва дизайнерӣ, бисёр муҳиманд. Чун аксари касбҳои бозоргиру нав­ро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вонамехӯрем, бояд дар марказҳои омӯзишӣ бо шогирдон ниҳоят омӯзгорон кор кунанд, то ки насли нав соҳибкасб шаванд.

Ҳама кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистони азизамон, ба мутахассисон ниёз доранд. Тарбия ва таълими муаллимон, табибон, муҳандисон ва садҳо мутахассисони дигар ҳамеша бояд афзалият дошта бошад. Агар касберо интихоб кунем, ки имрӯз талабот ба омода кардани мутахассисонаш нисбат ба пешниҳод зиёд аст, ин шуғли барномасозист. Ҳоло аз тарафи барномасозони тоҷик барномаҳо таҳия шуда истодаанд, ки бо онҳо метавон ифтихор кард, аз ҷумла барномаҳои мураккаби соҳаи бонкӣ.

Инчунин, «zypl.ai» ҳам барномаи махсусро бо номи «Интеллекти сунъӣ» дорад, ки аз рӯи он ба ҷавонон барномасозиро меомӯзад. Бештари устодони марказ нафароне ҳастанд, ки дар хориҷа зиндагӣ ё таҳсил кардаанд. Тибқи иттилои мавҷуда, аз 2017 то охири соли 2020 ҳамаи дарсҳо дар марказ ройгон буданд ва дар ин муддат ба воситаи грантҳо хароҷоташонро мепӯшониданд, вале ҳоло дарсҳо пулакӣ ҳастанд, зеро ба дарсҳои бепул ҷавонон камтар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

ОМӮЗИШ ВА КОР ДАР ИНТЕРНЕТ

Дар баробари марказҳои омӯзишӣ, интернет барои аз худ кардани касбҳои нав майдони калон ва мусоид мебошад. Ба мо вобаста аст, ки дар он ҷо то чӣ андоза ва дар кадом сатҳ омӯзиши ройгонро ба роҳ мемонем. Яке дарсашро тайёр мекунаду дигаре дар баробари лексияи муаллими донишгоҳ матолиби иловагӣ меҷӯяд. Яке китобҳою наворҳои ангезадиҳанда гӯш мекунаду дигаре касбҳои замонавиро тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат аз худ менамояд.

Ҳамон тавре ки интернет барои омӯзиши касбу ҳунар имкон медиҳад, дар масъалаи кор ҳам чунин аст. Дар шароити кунунӣ барномасозон, бо он ки дар интернет барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сомона месозанду онро назорат мекунанд, маоши хуб мегиранд. Дизайнерон ба воситаи интернет фармоиш мегиранд. Тоҷирон маҳсулоташонро аз интернет мехаранду дар интернет мефурӯшанд. Муаллимон дар интернет дарс медиҳанду маоши хуб мегиранд. Ба ибораи дигар, интернет дар масъалаи кор сарҳадро намешиносад.

Ба боварӣ метавон гуфт, ки тайи чанд соли охири соҳиб­истиқлолӣ дар кишвари мо таваҷҷуҳ ба касбҳои наву ояндадор хеле зиёд шуда истодааст. Таваҷҷуҳи зиёд агар аз як ҷониб ба ташкилу таъмини ҷойҳои нави кор мусоидат кунад, пас аз ҷониби дигар ба рушди малакаҳои ҷавонон мусоидат мекунад.

Чунин пеш рафтани фаҳмишҳо ва таъсиси марказҳои омӯзишӣ ҷавононро талқин мекунад, ки нисбат ба интихоби касб ҷиддитар муносибат карда, касбҳои ояндадорро интихоб намоянд.

Умед мебандем, ки ҷавонони мо дар интихоби касб хато накарда, пешаҳои гуногуни бозоргирро меомӯзанд ва барои халқу давлат хизмат мекунанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

рӯзноманигор