28-уми ноябри соли 2023 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Бабушкина ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.
Таъкид гардид, ки мулоқоти имрӯза, бешубҳа, як рӯйдоди таърихӣ, далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Россия ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мебошад.
- Мо ин мулоқотро тасдиқи таваҷҷуҳи вакилони парлумони Федератсияи Россия ба таҳкими ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморем. Муносибатҳои Тоҷикистону Россия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунанд, — иброз намуд Маҳмадалӣ Ватанзода.
Дар сатҳи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия муколамаи мунтазам ва созанда ба роҳ монда шудааст, ки он дар амиқтар шудани муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда мегузорад.
Сарони ҳар ду давлат дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқӣ, амиқ ва густариши равобити дуҷониба тобиши вижае гузошта, ба ҳамкориҳои дуҷониба мақоми вижаи шарикии стратегӣ додаанд.
Бо назардошти аҳамияти таҳкими равобити дуҷониба ва муайян кардани самтҳои нави ояндадори ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, ки шарики стратегии мост, парлумони кишвар, бахусус Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва пайваста меандешад.
Маҳмадалӣ Ватанзода зикр кард, ки дар байни парламентҳои мо гурӯҳҳои дӯстию ҳамкорӣ ташкил ва амал мекунанд. Дар давоми се соли даъвати ҳозира вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд маротиба ба Федератсияи Россия ва вакилони Думаи давлатӣ ба мамлакати мо сафар кардаанд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо низ баррасӣ гардиданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ