Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи байнидавлатии гази «Осиёи Марказӣ — Хитой»
ноҳияи Рӯдакӣ, 13 сентябри соли 2014
Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин!
Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Имрӯз мо шоҳиди воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва таърихӣ – маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Хитой» дар қаламрави Тоҷикистон мебошем.
Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» як сол қабл дар доираи мулоқоти расмии сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба имзо расида буд.
Баъдан ҷонибҳо ба таври иловагӣ созишномаро дар бораи ҷаласаи саҳомон имзо намуда, ойинномаи ширкати муштаракро тасдиқ карданд. Созишномаи дуҷонибае, ки имрӯз ба имзо расид, масъалаҳои асосии сохтмон ва истифодаи лӯлаи газро муайян менамояд. Метавон гуфт, ки дар зарфи як соли гузашта кори муваффақонаву созандаи қарордодиву ҳуқуқие ба иҷро расид, ки дар ҷараёни он манфиатҳои ҷонибҳо комилан ба инобат гирифта шудаанд ва вуқӯи маросими имрӯзаи оғози сохтмони лӯлаи гази дорои аҳамияти стратегӣ имконпазир гардид.
Ин лӯлаи газ дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ — Хитой» хати чорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хати дигар ба масофаи як ҳазор километр кӯтоҳтар аст.
Лӯлаи газ аз Туркманистон ба Хитой аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қитъаи тоҷикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медиҳад, аз ҳама тӯлонӣ мебошад.
Сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди кишвари мо се сол идома ёфта, дар ҷараёни он бунёди 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 24 нақб дар зери об сохта мешавад. Аз рӯйи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши лоиҳа дар қаламрави кишвари мо дар маҷмӯъ 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.
Дар давраи сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, ба Буҷети давлат даромади зиёд ворид хоҳад шуд.
Дӯстони азиз!
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой дурнамои гуногунҷабҳа ва пурвусъат доранд. Бо дарназардошти ин дурнамо, Барномаи фарогири ҳамкории байни ду кишвар барои панҷ соли минбаъда таҳия гардид, ки мо имрӯз онро дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин ба Тоҷикистон қабул намудем.
Тоҷикистон имрӯз ҳамчун ҳамсояи нек, дӯсти содиқ ва шарики боэътимод бори дигар манфиатдории амиқи худро дар рушди муштараку ҳамқадам бо кишвари бузурги Хитой нишон дод.
Ин саҳми воқеии мо дар таъмини субот, рушди мутавозин ва ободии Осиё мебошад ва ифодаи возеҳи татбиқи амалии шиори «Ҳамкорӣ ва рушду ободии муштарак» мегардад, ки раисии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти он сурат гирифт.
Мо мақсад дорем, ки бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду кишвар ва мардумамон бо Ҳукумат ва доираҳои соҳибкории Хитой ҳамкории зичи дарозмуҳлатро идома диҳем. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой мо шабакаи ягонаи миллии энергетикиро бунёд намудем. Дар ояндаи наздик муҳим медонем, ки талошҳои якҷояи мо дар мавриди беҳсозии ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи технологияҳои «сабз» мутамарказ гардонида шаванд.
Мо умед дорем, ки Корпоратсияи миллии гази Хитой дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ дар ҷануби Тоҷикистон ба истихроҷи газ муваффақ мегардад. Пешгӯйии коршиносони мустақил аз он дарак медиҳад, ки дар қаъри замини кишвари мо захираҳои бузурги саноатии газу нафт маҳфузанд. Як нукта возеҳ ва баҳснопазир аст, ки ягон кишвари олам дар шароити камбуди ҷиддии барқ ба таври муътадил рушд карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳалли ин масъалаҳо на фақат барои таҳкими истиқлолу соҳибихтиёрии Тоҷикистон, балки барои пешрафти босуботи иқтисодии тамоми минтақа аҳамияти бузург дорад.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки тайи даҳ соли охир ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоямон босуръат ва мунтазам тавсеа меёбад. Муомилоти молии дуҷониба ҳанӯз се сол қабл ба сатҳи ду миллиард доллари амрикоӣ расида буд. Ин комёбиҳоро мо натиҷаи таваҷҷуҳи бузурге медонем, ки роҳбарияти Хитой ба таъмиқу тавсеаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Хитой дорад. Бо истифода аз фурсати муносиб, аз номи мардуми Тоҷикистон бори дигар ба Шумо, ҷаноби Раис ва Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой, мардуми кишвари ба мо дӯсти Хитой барои пуштибонии Тоҷикистон ва мадади беғаразона ба мардуми он сидқан арзи сипос менамоям.
Дар фарҷоми суханронӣ мехостам ба фаъолияти ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сохтмон ва истифодаи лӯлаи газ барори кор орзу намоям.
Зиндаву поянда бод муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, ёрии байниҳамдигарӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Хитой!